Вешим, ишм, ишим (лот. Angelica ternata) — гиёҳест бисёрсола.

Вешим
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Пояаш дарунхолӣ (то 80 см қад мекашад), баргаш сепарра, гултӯдааш чатрмонанд, мевааш байзашакл. Даври гулшукуфташ июл — октябр вешим дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз; то баландии 3500 м аз с. б.) фаровон аст. Сокинони водии Зарафшон вешимро гиёҳи ғизоиву хушбӯй ва шифобахш мешумуранд. Дар таркиби вешим ба миқдори зиёд моддаҳои даббоғию кумаринӣ, пайвастҳои флавоноидӣ, кислотаҳои органикӣ, равғани эфир, витамини С, микроэлементҳо ва ғ. мавҷуд аст. Мардуми тоҷик реша ва баргу пояи вешимро чой карда менӯшанд, онро ба таом меандозанд. Ҷӯшоба ва қиёми алафи навруставу решаи вешим дар тибби халқӣ чун давои хунбанд, балғамрон, рафъи илтиҳоб, хобовар, муқаввии дил, пасткунандаи ғалаёни хун истифода мешавад. Табибони мардумӣ вешимро барои муолиҷаи заъфарма, бронхит, илтиҳоби шуш, сил, гулӯдард, реши меъдаву рӯда, қабзият ва дарди санги гурда муфид медонанд. Чойи алафу решаи вешим иштиҳоовар ва пешоброн аст. Вешим хунро ғализ ва тарашшӯҳи шираи меъдаро зиёд мекунад. Бинобар ин, истифодаи он барои одамоне, ки сактаи дилро аз сар гузаронидаанд, инчунин дар мавриди тромбоз (суддабандӣ) ва илтиҳоби меъда зиён дорад. Вешим хӯроки хуби чорвост.

Адабиёт

вироиш