Ангуштарин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозии маълумот
No edit summary
Сатри 1:
'''Ангуштарин''', '''чала''' — [[чала]], афзори ороишест, ки аз [[нуқра]], [[тиллотило]] ва дигар фулузот сохта ба [[ангушт]] меандозадмеандозанд. Дар давраи [[палеолит]] ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит - ангуштарини сангин ва дар асри биринҷӣ-ангуштарини фулузӣ пайдо шуд.
 
Дар давраи палеолит ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит ангуштарини сангӣ ва дар асри биринҷӣ ангуштарини фулузӣ пайдо шуд. Ангуштарин дар сарзамини тоҷикон аз қадим маъмул буда, дар замони мо низ асбоби зинати даст аст<ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.</ref>. Онро мувофиқи табъ хотамкорӣ ва нақшу нигор мекунанд. Ангуштарин навъҳои гуногун дорад. Ангуштарини чашмакдорро дар маҳалҳои гуногун аз рӯйи сохти ҳалқааш пашшахона, панҷарадор, бодомча ва ғ. меноманд. Ангуштарини мардона низ ҳаст. Ин гуна ангуштарин аввал дар Мисри Қадим, баъд дар ҷойҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуд. Нигини ин ангуштаринро катибаву тасвирот зинат медоданд. Ангуштарин вазифаи мӯҳрро ҳам адо мекард. Духтарҳо аз 10 – 14-солагӣ ба ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Ангуштарин дар қатори дигар асбобҳои зебу зинат ба маҳри арӯс ҳамчун тӯҳфаи домод дохил мешуд. Замонҳои пеш ангуштарин дош- тани занҳо ҳатмӣ буд, зеро онро дар рафти ба ҷо овардани ягон ойин рамзи тозагии даст мешумурданд. Дар замони мо бо ташаккули анъанаҳои нав ангуштарин гирифтани занону мардҳо, хусусан наварӯсон расм шудааст. Арӯс ва домод рӯзи қайди ақди никоҳ чун рамзи ягонагӣ, садоқат ва вафодорӣ ба дас- ти якдигар ангуштарин меандозанд.
Ангуштарин бештар аз нуқра тайёр карда шуда, дар байни аҳолии шаҳри Ҳисор чун ороиши асосӣ дар истифода буданд. Тибқи ақидае, бояд ҳар як зани мусулмон дорои якто ангушттарини нуқрагин бошад, ки гӯё он нишонаи «ҳалолии дасти занон» ҳисоб мешудааст. Ангушттаринҳо бо як ё дуто [[нигин]] ороиш дода мешуданд. Нигинҳои ангуштаринҳо бештар аз сангҳои рангаи [[фирӯза]], [[сердолик]], [[анора]], [[лаъл]] интихоб мешуданд. Ба ғайр аз [[гӯшвор]]у ангуштарин инчунин [[бозубанд]], [[тумор]] ва [[дастпона]]ҳо аз нуқра сохта шуда ва бо усули ислимӣ хеле зебо нақшгузорӣ мешудаанд. Бозубанд, дар бозу баста шуда, барои нигоҳ доштани аз чашми бад ва балоҳо ба кор мерафт. Туморҳо низ вазифаи ҳимоятӣ доштанд. Онҳо дорои шакли секунҷа буда, овезаҳои бисёр доштанд ва бо сангҳои гуногун оро дода мешуданд. Туморҳоро бештар қолабрезӣ мекарданд.<ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.</ref>
== Адабиёт ==
* Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа.народангуштарин – Душанбе: 2006. – С. 277-302.
 
==Нигаред==
* [[Сарсӯзан]]
* [[Пешовез]]
== Манбаъ ==
<references/>