Ватан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
{{otheruses|Ватан (мазмунҳо)}}
'''Вата́н''' ({{lang-ar|وطن}} – [[зодгоҳ]], ҷойи камолот) — диёр, [[Меҳан|ме­ҳан]], [[кишвар]], [[мамлакат]] ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст (киноя). Кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, ойин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Берун аз ватан рафтаро «мусофир», «муҳоҷир» ва «ғариб» мегӯянд.
 
== Мафҳуми Ватан ==
Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи мафҳуми ватан танг буда, масъа­лаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар намегирифт. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 маънои Ватан ва ва­тан­дорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ [[ИҶШС]] зиндагӣ мекарданд, мазмуни нав гирифт. Мафҳу­ми Ватан васеъ шуда, тамоми ҳудуди со­биқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳу­ми ватан ба қисми ҷудо­наша­вандаи шуури миллии ҳар як со­ҳибватанон табдил ёфт. Ҳисси ватанпарварӣ тадриҷан рушд намуд. Дар давраи муосир Ватан барои тоҷи­кон ва ҳар соҳиб­ва­тан дар радифи модар (Модар–Ватан) яке аз муқаддас­тарин арзиш фаҳ­мида мешавад. [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдо­дӣ мебошад. Афкори ватандӯстӣ ва ватанияҳо қариб дар тамоми осори фозилон, шоирон ва адибони классику муосири тоҷик мавҷуд аст. Мавзӯъ ва мазмуни эҷодиёти иддае аз шоиронро васфи Ватан ташкил медиҳад.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Сатри 9:
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Сатри 17:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Истилоҳот]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ватан"