Алибой Қурбонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 36:
 
== Донишноманависӣ ==
Собиқаи 40 солаи донишноманигорӣ дошта, дар таҳия, тадвин ва нашри «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд), «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1987), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (2 ҷилд), 2 ҷилди нашрияи махсуси энсиклопедии «Тоҷикистон» (ба забони русӣ), «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик», «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, энсиклопедияҳои «Кӯлоб», «Хуҷанд», «Душанбе», ҷилди 1 «Энсиклопедияи миллии тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст. Тарҷумаи беш аз 300 мақолаи марбут ба физика, математика ва техника дар 8 ҷилди «Энциклопедияи советии тоҷик» ба ӯ мансубанд. Муаллифи беш аз 120 мақолаи нашрияҳои «[[Энциклопедияи советии тоҷик]]», «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ва ҷилди аввали «[[Энциклопедияи миллии тоҷик]]».

Таҳти роҳбарии Алибой Қурбонов дар СИЭМТ беш аз 60 китоби илмиву дарсӣ ва луғату фарҳангҳо («Очерки истории и теории культура таджикского народа», 2001; «Мунтахаб-ул-луғот», 2004; «Русско-Шугнанский словарь», 2005; «Ганҷинаи фолклори тоҷик», 2008; «Спитамен», 2011 ва ғ.) таҳия гардида, ба табъ расидаанд.
 
== Мукофоту медалҳо ==