Алоуддин Ҳусайни Ҷаҳонсӯз: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB |
||
Сатри 29:
Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонҳои [[давлати Ғазнавиён]]) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.<ref>Б. Ғ. Ғафуров. Тоҷикон. Китоби дуюм. — Душанбе, 2008, — С.414</ref>. Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ лашкари зиёде ҷамъ намуда дар соли 1150 ба пойтахти давлати Ғазнавиён — [[Ғазнин]] лашкар кашид ва зидди Баҳромшоҳи Ғазнавӣ ҷанг сар кард.
Дар ҷанги байни Ғуриён ва Ғазнавиён писари подшоҳи Ғазнавиён Баҳромшоҳи Ғазнавӣ — Давлатшоҳ кушта шуд ва худи Баҳромшоҳ ба [[Ҳиндустон]] гурехт. Сипас, Баҳромшоҳи Ғазнавӣ аз Ҳиндустон ба Ғазна баргашта бародари Алоуддин Сайфуддини Суриро (волии шаҳри Газнин) мағлуб кард ва ӯро бераҳмона қатл намуд. Барои гирифтани интиқом аз бародари хеш Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ боз лашкар кашида лашкари Баҳромшоҳро шикаст дод ва шаҳри Ғазнинро оташ зад ва ба ҳамин ҷиҳат Алоуддин бо лақаби "Ҷаҳонсӯз" маъруф гардидааст.
== Эзоҳ ==
Сатри 35:
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
{{таърих-нопурра}}
|