Азон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 3:
'''Азон''' ({{lang-ar|أذان}} – ''эълом кардан, огоҳ намудан'') — бонги [[намоз]], садои баланди даъват барои намозхонӣ<ref>Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 47</ref>, маҷ­мӯи зикрҳои мушаххас, ки тавассути он мусулмонон аз фаро расидани вақти намоз огоҳ карда мешаванд.
 
Азон ва [[Азон#Иқомат|''иқомат'']] [[Суннат|суннатисуннат]]и муаккада мебошанд ва танҳо барои намозҳои фарз гуфта мешаванд. Он фарз, хоҳ бо ҷамоъат баргузор гардад ва хоҳ бо танҳогузорӣ, чи намози вақтӣ бошад, чи қазоӣ ва намозгузор, хоҳ муқим бошад, хоҳ мусофир. Азон ва иқомат барои мардон суннат ва барои занон макрӯҳ аст.<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 180.</ref>
 
Бар намозгузор суннат аст, ки қабл аз намозҳои панҷгона ва низ намози ҷумъа аввал азон ва баъд аз он иқомат гуфта, намозашро шурӯъ намояд.<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 177.</ref>
 
== Таърих ==
Гуф­тани азон дар соли дуввуми ҳиҷрӣ баъди таҳвили қиб­ла аз Бай­тул­муқаддас ба сӯйи Каъба шурӯъ шудааст.
 
== Азон дар Қуръон ва аҳодис ==
Сатри 21:
'''«Чун барои намози рӯзи ҷумъа нидо (азон) дода шавад, пас ба сӯи ёди Худо (намоз) бишитобед ва хариду фурӯшро (то анҷоми намоз канор) бигузоред. Ин барои шумо беҳтар аст, агар (онро) медониста бошед».'''<ref>[[Сураи Ҷумъа]]. Ояти 9</ref>
</center>
Аз ду ояти боло машрӯъияти азон низ собит мегардад. Аз Молик ибни Ҳувайрис (р) ривоят шудааст, ки [[Расули Худо (с)]] мефармояд:
 
'''''«Ҳамон тавре ман намоз мегузорам, намозро бигузоред. Ҳамин ки вақти намоз фаро расид, як нафаратон барои шумо азон диҳад ва бузургтаратон барои шумо имоматӣ намояд»'''''.<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 631.</ref>
Сатри 82:
Дар азон тарассул, яъне баъд аз ҳар таъбир таваққуф намудан, ам­мо дар иқомат шитоб кардан муста­ҳаб аст. Азон ба забони арабӣ гуфта мешавад. Дар азони намози бомдод баъди «Ҳаййа ала-л-фалоҳ» ду бор «ас-сало­ту хайрун мина-н-навм» афзуда мешавад. Муаззин дар вақ­ти азон ва иқомат гуфтан бояд рӯ ба қибла бошад; рӯйи худро дар ҳолати гуфтани «Ҳаййа ала-с-салот» ба ҷониби рост ва ҳо­лати гуфтани «Ҳаййа ала­-л-фалоҳ» ба ҷо­ни­­би чап би­гардонад; ҳан­гоми гуф­та­ни азон ду ангушти худро ба гӯш­ҳояш бини­ҳад. Азон ва иқо­мат, бар хи­­лофи хут­­­ба, бояд дар ма­кони гуногун гуфта шаванд.
 
Барои намози қазоӣ низ азон ва иқомат гуфтан суннат аст. Муаззин дар ҳолати гуфтани азон ва иқо­мат бояд бовузӯ бошад. Пеш аз даромадани вақ­ти намоз, ба ҷуз намози бомдод, азон гуфта намешавад. Агар пеш аз вақти намоз азон гуфта шавад, он бояд баъди ба охир расидани вақти намоз низ гуфта шавад. Азон ва намоз барои мусофир низ суннат аст. Агар шах­се дар хонаи худ, ки дар шаҳр аст, намоз бигзорад, пас, бояд азон ва иқомат гӯяд, ле­кин агар азонро тарк кунад, ҷоиз аст, чунки азони мас­ҷиди ма­ҳалла кифоят мекунад.
 
== Одоби шунидани азон ==
[[Акс:The Muezzin's Call to Prayer (1878) - TIMEA.jpg|thumb|[[Муаззин]] дар ҳоли гуфтани азон (Wilhelm Gentz, 1878).]]
Шунавандаи азон бояд хомӯшона ба он гӯш диҳад ва пас аз шунидани ҳар ҷумлае айни ҳамонро оҳиста такрор намояд, ки ин ҳамон ҷавоби азон аст. Масалан, ҳангоме ки муаззин '''Аллоҳу акбар''' гуфт ва дар он лаҳзаҳои гузарое, ки барои гуфтани ҷумлаи баъдӣ омода мегардад, шунаванда ҳамон калимаи '''''«Аллоҳу Акбар»'''''-ро такрор намояд. Вақте муаззин ба '''''Ҳайя ъалас-салоҳ''''' ва '''''Ҳайя ъалал фалоҳ''''' бирасад, шунаванда дар поён айни он калимотро такрор накарда, балки '''''«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалиййил ъазим'''»'' ({{lang-ar|لا حول ولا قوة الا بالله العظيم}} — ''Қудрати боз истодан аз гуноҳон ва низ тавоноӣ бар анҷоми тоъатҳо танҳо бо мадади Худованди баландмартаба ва бузургвор муяссар мегардад'') бигӯяд<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 182.</ref>.
 
Баъд аз азон суннат аст, ки ҳам худи азондиҳанда ва ҳам шунавандагон ин дуъоро бихонанд:
Сатри 101:
 
== Адабиёт ==
* ''Али-заде, А. А.'' Азан : [[http://web.archive.org/web/20111001002806/http://slovar-islam.ru/books/a.html арх.] 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
* ''Резван Е. А.'' [http://www.academia.edu/800250/_._M._1991 Азан] // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 14.
 
Сатри 112:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
{{Намоз}}
 
[[Гурӯҳ:Ислом‎]]
[[Гурӯҳ:Истилоҳоти исломӣ‎]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Азон"