Доғи судӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х навсозии маълумот
No edit summary
Сатри 1:
'''Доғи судӣ''' - — ҳолати махсуси ҳуқуқии шахси аз тарафи суд барои содир намудани [[ҷиноят]] гунаҳгор донисташуда ва ба ҷазои ҷиноятӣ [[маҳкумшуда]] мебошад, ки дар м. 84 Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудааст, аз рӯзи эътибори қонунй пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ [[маҳкумшуда]] дониста мешавад.
Доғи судӣ мутобиқи Кодекси Ҷиноятии ҶТ дар ҳолати ретсидив ва ҳангоми таъйини ҷазо ба назар гирифта мешавад (қ. 1  м. 84 КҶ ҶТ). Шахсе, ки аз ҷазо озод карда шудааст, доғи судӣ надорад (қ. 2  м. 84 КҶ ҶТ).
 
Доғи судӣ дар мӯҳлатҳои зерин барҳам дода мешавад:
Сатри 9:
в) нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодй ва ё маҳрум сохтан аз озодй маҳкум шудаанд, бо гузапггани се сол пас аз адои ҷазо;
 
г) нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо (қ.З м. 84 КҶ ҶТ).
 
Агар суд муқаррар намояд, ки маҳкумшуда ислоҳ шудааст ва барои доғи судӣ доштани ӯ зарурат нест, суд метавонад баъди гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо доги судии шахси барои ҷинояти махсусан вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо бардорад (қ. 4  м. 84 КҶ ҶТ).
 
Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосй ва иловагй озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад (қ. 5  м. 84 КҶ ҶТ).
 
Агар шахс то тамом шудани мӯхдати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосй ва иловагй) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судй барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад (қ. 6  м. 84 КҶ ҶТ).
 
Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доги судиашро то тамом шудани мӯҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин
мӯҳлат бекор кунад (қ.7  м. 84 КҶ ҶТ).Барҳам додан ё бардоштани доғи судӣ тамоми оқибатҳои марбут ба доғи судиро беэътибор мегардонад (қ.8  м. 84 КҶ ҶТ). <ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. -  — Душанбе: ЭР-граф, 2009. -  — с. 156-157156—157</ref>
 
== Нигаред ==
* [[Ҳуқуқ]]
* [[Авф]]
 
== Манбаъ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқ]]