Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ohangar (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х Вироиши Ohangar (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 13:
Хоя бо чандин парда пӯшида шудааст: пардаи пайвандии сафедранг хояро фаро гирифта, дар тарафи ақиби он ғафс мешавад. Аз он ҷониби дарун девораҳои фиброзие ҷойгиранд, ки моддаи хояро ба ҳиссаҳо ҷудо мекунанд. Модда ё паренхимаи хоя аз ҷӯякҳои рост ё печидаи манидон иборат аст. Ҷӯякҳои рост бо ҳам васл шуда, шабакаро ташкил мекунанд ва баъд ба сӯи сари зоиди хоя тӯл мекашанд. Ихроҷи нутфа танҳо дар ҷӯякҳои печдор ба амал меояд. Тамоми ҷӯякҳои хоя ба ҷӯяки зоид, ки ба маҷрои манирон тӯл мекашад, боз мешаванд. Маҷрои манӣ боло баромада, ба таркиби танобаки манӣ дохил мешавад ва якҷоя бо рагҳои хуну лимфа ва асабҳо аз ҷӯяки қадкашак мегузарад; баъд аз он маҷрои манӣ аз девораи паҳлуии кос ба поён ва ақиб рафта, ба зери масона мерасад ва васеъ шуда, ампулаи маҷрои маниро ҳосил мекунад. Пас аз пайвастан бо маҷроҳои тарашшуҳии манидонҳо маҷрои манӣ маҷрои манибарорро ташкил мекунад. Манидонҳо дар байни масона ва рӯдаи рост дар паҳлӯи маҷрои манибарор воқеанд; онҳо усорае ҷудо мекунанд, ки бо усораи хоя омехта, нутфаро ба вуҷуд меоранд. Маҷрои манибарор аз байни ғадуди простата гузашта, ба пешоброҳа боз мешавад. Ғадуди простата қисми ибтидоии ҷӯяки пешобро иҳота мекунад. Қисми ғадудии простата усорае ҷудо мекунад, ки бо манӣ омезиш ёфта, фаъолии нутфаро таъмин месозад. Қисми мушакии он сфинктер (исканҷаи мушаки)-и ҷӯяки пешоб буда, пайдарҳамии ҷараёни манӣ ё пешобро танзим мекунад, дар натиҷа манӣ бо пешоб омезиш намеёбад. Сатҳи ақиби простата ба рӯдаи рост мерасад; ҳангоми муоинаи тиббӣ ангуштро ба рӯдаи рост дароварда ин ғадудро ламс мекунанд; бо ин усул бузургӣ ва қивоми простатаро муайян ва иллатҳои гуногуни онро ташхис намудан мумкин аст.
 
Нара ([[Кер]]) ва хоядон узвҳои берунии таносули мард мебошанд. Нара узвест, ки ду вазифаро ба ҷо меорад: ихроҷи манӣ ҳангоми ҷимоъ ва ихроҷи пешоб аз масона. Он аз аҷсоми ғорӣ (исфанҷӣ) иборат аст: ду аҷсоми исфанҷии худи нара ва ҷисми исфанҷии ҷӯяки пешоб, ки сараки узви таносулро ташкил медиҳанд. Аҷсоми исфанҷӣ аз сафедпардаи ғафсе таркиб ёфтаанд, ки аз он парда девораҳои сершумор ба дарун мераванд ва фазои байни онҳо «ғорҳое»-ро ташкил мекунанд, ки пур аз хун мебошанд. Туфайли сохти махсуси рагҳои хунгард хун ҳангоми бедории шаҳват аҷсоми исфанҷиро таҳти фишор пур мекунад ва ин боиси тарангу рост шудани нара, яъне эрексия мегардад.
 
Дар нӯги сари нара сӯрохи берунии ҷӯяки шоша воқеъ аст. Дарозии пӯсте, ки сари нараро мепӯшонад гуногун аст. Дар дохили пӯсти сари нара ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки тарашшуҳи онҳо якҷоя бо ҳуҷайраҳои эпителӣ смегма ҳосил мекунанд.
Сатри 87:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Ҳамчунин нигаред ==
* [[Узвҳои таносул]]
* [[Узвҳои пешоб]]
* [[Системаи шошаю таносул]]
* [[Кер]]
 
== Сарчашма ==