Байнаннаҳрайн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 30:
Қадимтарин тамаддуни Байнаннаҳрайн дар ҳазораҳои 5-4 то м. ба вуҷуд омада буд. Пояҳои тамаддуни шумерӣ ба рӯйи хоке гузошта шуда буд, ки обхезиҳои мавсимии дарёҳои Даҷлаву Фурот ва боришоти зиёд ҳосилхезии заминҳои шумериёнро таъмин менамуданд. Дар ибтидо шумериёни қисми ҷанубии Ироқи кунунӣ қашшоқона зиндагӣ мекарданд ва обхезии дарёҳо зироатҳоро нобуд месохтанд. Вале онҳо силсилаи тадбирҳо, аз қабили хушконидани ботлоқҳо, сохтани оббандҳову обанборҳо, наҳрҳои заҳкашию шабакаҳои обёрӣ, бунёди роҳҳо, маъбадҳо, қасру кушкҳо, шаҳрсозӣ ва диг. амалиёти марбут ба умури кишоварзиро роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи чунин тадорукот дар нимаи дувуми ҳазораи 4 то м. шумериён ба муваффақиятҳои бузург ноил шуданд. Кишоварзӣ чунон зуд тараққӣ кард, ки ба гуфтаи фарҳангшиносон, дар ин давра шумериҳо аз ботлоқзорҳои хушконидашуда 86 баробари тухмии коштаашон ҳосил ғундоштанд. Пойтахти шумериён ш. Ур ободу зебо гардид, қасри шоҳӣ ва маъбадҳо сохта шуданд. Шаҳрҳои бузург ба мисли Урук (Варқаи кунунӣ), Ларсо (Синкрети кунунӣ), Ниффер, Нейсин ва ғ. арзи вуҷуд намуданд. Минбаъд шаҳр-давлатҳои бузург дар империяи шумериён ташаккул ёфтанд, ки онҳоро «шоҳ-коҳин»-ҳо (Patesi) идора мекарданд. Дар назди маъбадҳо анборҳои бузург барои нигаҳдории ғалла мавҷуд буданд ва рӯҳониён ба умури хоҷагӣ, муҳосиба, содироти ғалладона ба давлатҳои хориҷаи дуру наздик ва ворид намудани чӯб, филиззот, ғуломон ва диг. маводди мавриди ниёзи шумериён машғул шуданд. Ин ҳодиса барои ба вуҷуд омадани хат мусоидат намуд.
 
Аккадиҳо муҳоҷирони соминажоде буданд, ки тақр. дар нимаи дувуми ҳазораи 3 то м. аз қисми ғарбии Арабистон омада, дар атрофи давлати Шумериён иқомат ихтиёр карданд. Онҳо соли 2340 то м. бо роҳбарии Саргони Кабир давлати Аккадиёнро созмон доданд, ки пойтахташ ш. Агода (Аккад) буд. Саргони Кабир бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла ш-ҳоишаҳрҳои қаламрави Иломиҳоро тасхир намуда, қаламрави худро дар Шим. Ҷ. ва Шим. Ғ. тавсиа ва нахустин империяи бузургро таъсис дод. Саргон (Sorqon) 55 сол ҳукмронӣ кард. Аккадиҳо як силсила унсурҳои фарҳангӣ (хат, эътиқодоти динӣ, улуму замона ва ғ.)-ро аз шумериён касб карда, давлаташонро нерӯманд сохтанд ва нуфузашонро аз Баҳри Миёназамин дар Ғ. то Баҳри Каспий дар Шим. ва Халиҷи Форс дар Ҷ. тавсиа доданд. Маркази империяи Аккад дар масири роҳи корвонӣ қарор дошт. Он сарзаминҳоро аз Арманистон сар карда, то Халиҷи Форсу Эрон ва аз Осиёи Хурд то Баҳри Миёназамин ба ҳам мепайваст. Баъди вафоти Саргон саросари Аккадро ошӯбҳо фаро гирифтанд. Писари ӯ Нарам Син пеши роҳи таназзули Аккадро гирифтан натавонист ва охирҳои ҳазораи 3 то м. шумериён тавонистанд, ки аз чанги асорати аккадиён халос шаванд. Онҳо баъди обхезии бузург, ки олимон онро ба «Тӯфони Нӯҳ» нисбат додаанд, ш. Кишро маркази худ интихоб намуданд. Тақр. асри 21 то м. иломиҳо ба онҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии шумериён хотима доданд. Вале онҳо боз 5 асри дигар фарҳангу маънавиёти худро ҳифз карданд. Коҳинони шумерӣ ба як навъ табақаи рӯҳонӣ табдил ёфта, боз асрҳои зиёд фаъолият доштанд. Баъдтар қабилаи «гутӣ»-ҳо аз Ш. ва ошуриҳо аз Ғ. пай дар пай ба аккадиҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии онҳо дар Байнаннаҳрайн хотима доданд.
 
Дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар Байнаннаҳрайн давлате бо номи ''Ошуриён'' арзи вуҷуд намуд. Он дар ҳудуди чаҳор шаҳри воқеъ дар соҳилҳои Даҷла — Ошур (Шарлотаи кунунӣ), Арбела (Арбиёи кунунӣ), Кулах (Намруди кунунӣ) ва Нанаво (муқобили ш. Мавасили кунунӣ) ҷойгир шуда буд. Сокинони Ошур аз сомиёни Бобилу Аккад, қабилаҳои ғайрисомии ғарбӣ (хетиёну митониён) ва кӯҳнишинҳои курди Қафқоз иборат буданд. Онҳо ба Бобил ҳуҷум карда, соли 1900 то м. истиқлол ба даст оварданд ва Бобилро пойтахти худ эълон намуданд. Симиобум нахустин силсилаи шоҳиро ташкил кард. Султони овозадори Ошуриён Ҳаммурапӣ (ҳукмр. 1892—1850) дар таърих ҳамчун шоҳи кишваркушою нерӯманд ва қонунгузор машҳур шуда буд. Ӯ бори аввал дар таърих дар соҳаи ҳуқуқ «Маҷмӯи қонунҳо»-и худро дар рӯйи сахрасанги диорит навишта, дар маркази шаҳр гузошта буд, ки ҳоло он дар осорхонаи Луври Фаронса нигаҳдорӣ мешавад. Ҳаммурапӣ Сурияро низ тасхир кард ва маркази сиёсию фарҳангӣ ба қисмати шимоли Байнаннаҳрайн интиқол ёфт. Баъди 8 соли марги Ҳаммурапӣ коситҳо ва иломиҳо сарзамини Бобилистонро тасхир карданд. Митониён дар Шим. Байнаннаҳрайн ба тавсеаи давлати худ шурӯъ намуданд. Шоҳи Митониён Парратарна қисми шимолии Сурияро ба даст овард, Сауссадатар дар охири асри 16 то м. Ошуриёнро ба худ тобеъ кард. Дар ибтидои ҳазораи 1 то м. оромиҳо аз Арабистон омада, дар Шим. Байнаннаҳрайн ва Сурия ҷойгир шуданд. Ошуриён, ки дар қисми ҷануб истиқлоли нисбии худро ҳифз намуда буданд, зуд иқтисодашонро қавӣ карда, бо сарварии Салмансари I ба фатҳи сарзаминҳои хурди шимол ноил гардиданд. Давраи нави таърихи Ошуриён шурӯъ шуд, ки онро империяи Ошури ҷадид ё худ империяи Калдониён низ меномиданд. Калдониён тадриҷан тамоми Сурия, Финикия ва Урартуро ба даст дароварданд. Онҳо ш. Колахро пойтахти нави худ қарор дода, қаламрави худро то Арабистон вусъат доданд.
Сатри 36:
Ошурбанипали II дувоздаҳ шаҳри дигарро низ ба тасарруфи худ даровард. Салмансари III ҳудуди давлаташро то Димишқ васеъ кард ва Пулсари II футуҳоти худро аз Қафқоз то ба Миср густариш бахшид. Ибтидои ҳазораи 1 то м. дар Байнаннаҳрайн ҷангу ситези байни ошуриёну бобилиён, иломиён ва давлати Урарту ба амал омад, ки меҳвари набарди давлатҳои тоза бавуҷудомадаи Сурия, Митониён, Киликия, Финиқия ва ғ. буд. Давраи салтанати Тиглатпаласари II (745—727 то м.) ва Набукатнасари II беҳтарин солҳои инкишофи ин тамаддун буд. Онҳо Фаластинро низ тасхир намуда, яҳудиёнро низ тобеъи худ намуданд. Охирин шоҳи Бобил Набонид аз парастиши Худои анъанавии бобилиён Мардук даст кашида, тахти шоҳиро тарк намуда, дар саҳрои Арабистон гӯшанишиниро ихтиёр кард ва минбаъд ин давлати мутамарказ ба осонӣ туъмаи дасти пурқудрати форсҳо гардид.
 
Дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар ҳудуди Осиёи Хурд мардуми дорои тамаддуни шаҳрӣ, ки маншаи он ҳанӯз ба хубӣ равшан нест, зиндагӣ мекарданд. Онҳо унсурҳои мушаххаси ҳиндуаврупоӣ доштанд ва худро «хетҳо» ё «хетиҳо» (Hitties) меномиданд. Дар натиҷаи ҳафриёти Бағозкӯй маълум гардид, ки дар ибтидои асри 20 то м. хетиҳо аз давлатҳои хурди амирнишин иборат буданд. Соли 1700 то м. онҳо давлати қудратманди худро таъсис дода, навоҳии ҳаволии Осиёи Хурд ва Осиёи Ҷанубу Ғарбиро тасхир намуданд ва нуфузашонро то Баҳри Миёназамин тавсиа доданд. Хетиён соли 1600 то м. Бобилро тасхир карданд ва Суппилулиум соли 1350 то м. империяи худро созмон дод. Баъди ташкили империя онҳо заминҳои Митониёнро то соҳили ғарбии Фурот ва шим. Сурия фатҳ намуданд ва шим. Сурияро низ ба даст оварда, тамаддуни «Хети бузург»-ро созмон доданд. Вале онҳо дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ бо фиръавнҳои Миср заиф шуданд ва зимни тохтутозҳо дар ин минтақа мушкетҳои Фракия ба онҳо зарбаи қатъӣ расонданд. Асрҳои 6-4 то м. Ҳахоманишиён Байнаннаҳрайнро забт намуданд. ''Куруши Кабир'' зимоми салтанат дар Бобилро ба писараш Камбуҷиё дод. Баъди ''Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ'' Байнаннаҳрайнро тасхир кард ва дар давраи ''ҳеллинизм'' Байнаннаҳрайн ба яке аз вил-ҳоивилоятҳои ''Селевкиён'' табдил ёфт. Минбаъд бахше аз Байнаннаҳрайн дар ҳайъати давлатҳои ''Портҳо, Сосониён'' дохил шуд. ''Тайсафун'' аз соли 226 м пойтахти шоҳони сосонӣ буд. Дар замони ҳукмр. Румиён Байнаннаҳрайн ба қисматҳои Osroene дар Ғ. бо ш.-ишаҳри асосии Эдесса ва Miqdonia дар Ш. бо ш-ҳоишаҳрҳои асосиаш Насибин ва Ҳеррон ҷудо шуд. Дар аҳди ислом Байнаннаҳрайн ба ҳайъати хилофати ''Умавиёну Аббосиён'' дохил буд. Баъдан онро ''Салҷуқиён'' ва муғулҳо истило карданд. Аввали асри 16 таҳти ҳукмронии ''Сафавиён'' ва аз ибтидои асри 17 то соли 1918 Байнаннаҳрайн дар ҳайъати империяи ''Усмониҳо'' қарор дошт. Ҳоло қисми зиёди Байнаннаҳрайн ба Ироқ, қисмҳои боқимондааш ба Сурияву Туркия дохил мешавад.
 
== Фарҳанг ==