Ноҳияи Вахш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 108:
=== Саноат ===
Соҳаи асосии саноати Вахш истеҳсоли қувваи барқ (НБО-и хурди «Осиёбак») ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар ҳудуди ноҳия корхонаву ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла, ҶС «Элит», ҶС «СОМОН-ЛТД», ҶММ «Сафари Кот-Инвест», ҶММ «С. Ҷӯраев», ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод», ҶДММ «Насими Вахш» ба истеҳсолу коркарди пахта, ҶСШК «Равғани Киров» бо истеҳсоли равған, КВД «Шароб», ШММ «Левакан» ба истеҳсоли машрубот, ҶММ «Азия-Восток» ба истеҳсоли карбос, ҶДММ «Универсал» ба истеҳсоли хишт машғуланд. Дар ноҳия ҳамчунин, чанд устохонаи таъмири техникаи кишоварзӣ, нуқтаҳои таъмири автомашинаи сабукрав, матбаа, муассисаи нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, корхонаҳои нонпазӣ, хонаи хидмати маишӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком» ва муассисаҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани сербари Тирмиз — Қӯрғонтеппа — Ёвон мегузарад. Роҳҳои автомобилгард ВАХШро бо шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе пайвастаанд.
 
== Омӯзишу парвариш ==