Шуш: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
replace inaccurate image - see Commons:Deletion_requests/File:Diagrama_de_los_pulmones.svg |
No edit summary |
||
Сатри 1:
'''Шуш'''(Pulmones) — узви нафаскашӣ; дар сандуқи сина ҷойгир аст.
[[Акс:Illu bronchi lungs numerical labels.jpg|thumbnail|Шуш]]
Дар Ш. хунрагҳои даври хурд ва калони хунгардиш мавҷуданд. Ба хун рагҳои даври хурди хунгардиш, шохаҳои артерияҳои шуш, ки хуни венавиро ба Ш. мебаранд ва шохаҳои венаҳои шуш (хуни артериявиро аз Ш. ба пешдили чап мебаранд) дохил мешаванд. Девораи бронхҳо аз артерияи бронхҳо хун мегирад. Артерияи Ш. мисли бронхҳо шохаронда аст. Кори шуш (мас., танг ё васеъ шудани рагҳои хун ва қасабаи шуш)-ро торҳои асаби симпатикӣ ва парасимпатикӣ танзим мекунанд. Ба воситаи Ш. инчунин моеот ва баъзе маҳсули газшакл низ ҷудо мешаванд.
Ҳаҷми Ш. ба қаду қомат, ҷинс, синну сол ва инкишофи ҷисмонии шахс вобаста аст. Ҳаҷми ҳаётии Ш.-и мардҳо 3500
Ҳудудҳои Ш. вобаста ба синну сол тағйир меёбанд. Дар навзодҳо қисмати болоии Ш. дар сатҳи қабурғаҳои I ҷойгир буда, баъд тадриҷан боло мебарояд (дар 20 – 25-солагӣ аз онҳо 3 – 4 см баланд мешаванд). Ҳудуди поёнии Ш.-и навзодон нисбат ба калонсолон як қабурға болотар ҷойгир аст. Он вобаста ба зиёд шудани синну сол поён мехамад. Ш. дар одамони аз 60-сола боло нисбат ба одамони 30 – 40-сола 1 – 2 см поёнтар ҷойгир аст.▼
▲Ҳудудҳои Ш. вобаста ба синну сол тағйир меёбанд. Дар навзодҳо қисмати болоии Ш. дар сатҳи қабурғаҳои I ҷойгир буда, баъд тадриҷан боло мебарояд (дар 20
Ш. дар доимӣ нигоҳ доштани ҳарорати бадан, танзими лахтшавии хун, мубодилаи сафеда, чарбу, карбогидратҳо, инчунин муҳофизати организм аз бактерияҳо иштирок мекунад.
Барои ташхиси бемориҳои Ш. аз усулҳои умумӣ ва махсуси таҳқиқи бемориҳо истифода мебаранд. Тавассути палмосидан шакл, ҳаҷм, ҳаракати ҳамзамони ҳарду тарафи сандуқи сина, қитъаҳои дардманд, бо ёрии [[ангуштзанӣ]] бошад, ҳудудҳои Ш., ҳаракати гӯшаҳои поёнии онро муайян мекунанд. Аз усулҳои махсуси ташхис тадқиқоти рентгенологӣ (флюорография, рентгенография, рентгеноскопия, томография, бронхография) аҳамияти бештар доранд. Сатҳи дохилии бронхҳоро бо ёрии бронхоскоп (ниг. Бронхоскопия), ҷавфи пардаи шуш ва сатҳи Ш.-ро бо ёрии торакоскоп (ниг. Торакоскопия) муоина менамоянд. Фаъолияти Ш.-ро бо асбобҳои махсус, аз он ҷумла спирограф таҳқиқ мекунанд. Барои таҳқиқи табдили ҳаво ва гардиши хун дар Ш. усулҳои радионуклидиро истифода мебаранд. Дар шароити лаборатория балғам ва моее, ки бо роҳи пунксия аз шушпарда гирифта шудааст таҳқиқ карда мешавад. Аз рӯи нишондодҳо усулҳои тадқиқоти биохимиявӣ, иммунологӣ ва ғ.-ро кор мефармоянд. Дар мавриди баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас) мариз дар лаборатория махсус аз таҳқиқи аллергологӣ гузаронда мешавад.
Осебҳои Ш. пӯшида ва кушода мешаванд. Осебҳои пӯшида ҳангоми зарб ёфтани девораи сина ё байни ду ашёи сахт тазйиқ хӯрдани он пайдо мешаванд. Ҳангоми осебҳои пӯшида бофтаҳои Ш. ва бронхҳо мекафанд. Дар вақти шикастани қабурғаҳо нафасгирии Ш. душвор мегардад. Барои ташхиси осебҳои Ш. сандуқи синаро дар ду проексия рентгенография кардан зарур аст. То ба беморхона бурдан, беморро дар ҳолати нимнишаст нигоҳ дошта, ба ӯ нафаси сунъӣ медиҳанд.
Осебҳои кушодаи Ш. ҳангоми ба сина корд ё тир задан пайдо мешаванд. Барои муайян намудани хусусияти захм узвҳои сандуқи синаро ҳатман рентгенография кардан лозим аст.
Ҷисмҳои бегона ба Ш. асосан тавассути захмҳои кушода дохил мешаванд. Муддати зиёд дар бофтаҳои шуш боқӣ мондани онҳо боиси инкишофи думбал, гангрена ва хуншории Ш. мешавад. Онҳоро тавассути таҳқиқоти рентгенологӣ ва бронхоскопия ташхис мекунанд. Усули табобат
Бемориҳои маъмули Ш. пневмония, эмфиземаи шуш, сил, зиқи нафас ва ғ. мебошанд. Омосҳои Ш. некфарҷом (аденома, гамартома ва ғ.) ва бадфарҷом (саратони бронхогенӣ, баъзан саркома) мешаванд.
Расми 1. Шуши рост (А) ва чап (Б). 1
Расми 2. Сегментҳои бронху шуш. А, Б
== Нигаред ==
* [[Узвҳои нафас]]
{{commons|Lungs}}
== Манбаъ ==
* [http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/sh/shush/28-1-0-3770 Шуш дар Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон]
|