Қуқнӯс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 5:
Дар бораи ин мавҷуди афсонаӣ гуфта мешавад, ки вай мурғе нодир ва танҳост ва ҷуфтӣ ва зоишӣ надорад. Аммо ҳазор сол як бор, бар тӯдае бузург аз ҳезум бол мекушояд ва овоз мехонд ва чун аз овози хеш ба ваҷд ва иштиёқ омад, ба минқори хеш оташи меафрӯзад ва бо сӯхтан дар оташ тухме аз вай падид меояд, ки билофосила оташ мегирад ва месӯзад ва аз хокистари он қуқнусе дигар мутаваллид мешавад. Қуқнус дар бисёре фарҳангҳо намоди ҷовидонагӣ ва умри дигарбор талаққӣ шудааст. Аммо бархе фарҳангҳо вежагиҳои дигар ҳам ба ӯ нисбат додаанд.
Гарчӣ қуқнус дар асотири милали осиёӣ ҳамчун Чин ва Эрон ҷойгоҳи вежае дорад, аммо бархе муътақиданд, ки устураи қуқнус аз Мисри Бостон бархоста, ба Юнон ва Рум рафта, ва ҳам су бо боварҳои [[масеҳият]] шох ва барг бештаре ёфтааст.[2]
[[Аллома Деҳхудо]] дар тавсифи қуқнус навиштааст: Гӯянд қуқнус ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигузарад ва умраш ба охир ояд ҳезуми бисёре ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол барҳам занад чунонки оташе аз бол ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум афтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овоз ӯ дарёфтаанд<ref>{{Cite web|url=https://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%82%D9%82%D9%86%D9%88%D8%B3|title=Маънои қуқнус|author=Луғатномаи Деҳхудо|website=www.vajehyab.com|date=|publisher=Вожаёб|lang=fa|accessdate=2018-08-17}}</ref>.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Қуқнӯс"