Аноният: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Аноният''' ({{lang+ar|أنانية|манманӣ}}), '''худбинӣ''', '''эгои́зм''' ({{lang-grc|Εγώ}}, {{lang-la|ego}} — «ман») — раф...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Аноният''' ({{lang+ar|أنانية|манманӣ}}), '''худбинӣ''', '''эгои́зм''' ({{lang-grc|Εγώ}}, {{lang-la|ego}} — «ман») — [[Рафтор|рафтори]] худписандонаи [[Ахлоқ|ахлоқиест]], ки муносибати фардии [[Инсон|инсонро]] ба [[ҷамъият]] ва одамон тавсиф мекунад.

Аноният дар нисбат додани ҳар чиз ба шахси худ ва ҳама чизро аз худ донистан, манфиати шахсии худро нисбат ба дигарон авлотар донистан зоҳир мешавад. Аноният хилофи ғайрбинӣ (алтруизм) буда, мазмуну моҳияти зиддигуманистӣ дорад. Дар афкори ахлоқии мутафаккирони асрҳои миёнаи форс-тоҷик аноният хислати бади инсонӣ ба шумор рафта, ба он фазилатҳои неки ахлоқӣ муқобил гузошта шудаанд. Муаллифони «[[Ахлоқи Носирӣ]]» ва «[[Ахлоқи Ҷалолӣ]]''»'' анониятро бо такаббур ва кибру ғурур дар як зина қарор дода, ба онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро муқобил мегузоранд. [[Муҳаммад Закариёи Розӣ|Закариёи Розӣ]] дар «[[Тибби рӯҳонӣ]]» масъалаи анониятро таҳлил намуда, шахсонеро, ки нафси худро беш аз андоза дӯст медоранд, накӯҳиш карда гуфтааст: «шахсе, ки гирифтори худбинист, барои ислоҳу таҳзиби он бояд бикӯшад». Дар ашъори панду ахлоқии шоирони классики форс-тоҷик масъалаи аз аноният дурӣ ҷустан ва ноил шудан ба сифатҳои неки инсонӣ хеле барҷаста ифода ёфтааст. Масалан:
{{иқтибоси академикӣ|<poem>
Машав худбин, ки он бошад ҳалокат,