Банглодеш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 71:
 
== Иқтисод ==
Зимни таснифи СММ Банглодеш ба қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф ворид гардида, ҳаҷми ММД с. 2009 336,1  млрд долларро ташкил медод, ки аз ин 52,3 % ба соҳаи хизматрасонӣ, 27,1 % ба саноат ва 22,3 % ба соҳаи кишоварзӣ рост меомад. Дар иқтисодиёти мамлакат моликияти хусусӣ нақши асосӣ дорад. Моликияти давлатӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, хоҷагии об ва як қатор соҳаҳои саноати вазнин бартарӣ дорад. Сармояи хориҷӣ бештар дар соҳаҳои бонк, нақлиёти баҳрӣ ва савдои берунӣ амал мекунад. Истеҳсоли нерӯи барқ соле 13  млрд кВт-соатро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи бузургтарини барқи обӣ дар қисми ҷан. шарқии Банглодеш — Карнапҳули воқеъ аст. Сӯзишвории асосӣ дар Банглодеш гази табиӣ буда, истеҳсоли солонаи он 5  млрд м3-ро ташкил медиҳад. Инчунин, истеҳсоли оҳаксанг, каолин, намаки ош ва масолеҳи сохтмон ривоҷ ёфтааст.
 
=== Кишоварзӣ ===
[[Акс:Rice Field.jpg|thumb|Кишоварзи банголӣ дар замини шолӣ]]
Кишоварзӣ дар иқтисодиёти Банглодеш соҳаи пешбаранда буда, дар низоми содироти мамлакат нақши асосӣ дорад. Аз тарафи дигар, дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнат, обхезиҳои доимӣ ва дигар офатҳои табиӣ боиси таъмин нашудани талаботи дохилии мамлакат бо маҳсулоти озуқа мегардад. Соҳаи зироаткорӣ ривоҷ ёфта, қисми зиёди ҳосил аз заминҳои обёришаванда (4,3  млн га) ба даст меояд. Асосан шолӣ ва ҷут кошта мешавад. Банглодеш аз ҷиҳати  ҷамъоварии ҷут дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол карда, аз 1/2 ҳиссаи талаботи ҷаҳониро таъмин месозад. Гандуму ҷав низ мекоранд; дар ноҳияҳои марказӣ кишти рустаниҳои лӯбиёӣ ривоҷ дорад. Найшакар, рустаниҳои равғандиҳанда ва доруворӣ, тамоку, мавз, манго ва намудҳои гуногуни сабзавот парвариш карда мешаванд. Дар ноҳияҳои шим. ва шим. ҷанубӣ плантатсияҳои чой мавҷуданд, ки бештар аз 30 дарсадашон ба капитали хориҷӣ тааллуқ дорад. Истеҳсоли солонаи чой то 120–135120—135 ҳазор т мерасад.
 
=== Чорводорӣ ===
Чорводорӣ дар Банглодеш на он қадар ривоҷ ёфта, бештар чорвои калони шохдор (барои ҷуфту боркашонӣ) истифода мешавад. Дар қисмати шим. ва марказии Банглодеш парвариши бузу гӯсфанд ва парандапарварӣ роҳандозӣ шудааст. Соле то 450–500450—500 ҳазор т моҳӣ медоранд. Шикори харчанг ва дигар ҷонварони баҳрӣ ривоҷ ёфтааст.
 
=== Саноат ===
Дар саноати Банглодеш соҳаҳои анъанавӣ, махсусан саноати косибӣ, ривоҷ дошта, асосан, он аз соҳаҳои истеҳсолкунандаи ашёи хоми кишоварзӣ иборат аст. Аз соҳаҳои саноати бофандагӣ истеҳсоли маснуоти ҷутӣ мавқеъи махсус дорад (қариб 1 млн т) ва дар ин бобат Банглодеш, дар қатори Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи аввалро соҳиб аст. Корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагин дар Даккаву Нарянганҷ ҷойгиранд. Дар минтақаи Читтагонг истеҳсолу коркарди матоъҳои синтетикӣ ба роҳ монда шуда, корхонаи бузурги коғазу селлюлоза низ дорад. Аз солҳои 80-и а. 20 дар Банглодеш корхонаҳои муштараке, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ, радиотехникӣ, мошинсозӣ, васлкунии автомобил машғуланд, фаъолият мебаранд. Соҳаи филиззоти (металлургияи) сиёҳро корхонаҳои филиззкории Читтагонг ба уҳда доранд, ки иқтидори солонаи танҳо пӯлод ба 250 млн т мерасад.
[[Акс:Garments Factory in Bangladesh.JPG|thumb|Фабрикаи дӯзандагӣ дар Банглодеш]]
Дар саноати Банглодеш соҳаҳои анъанавӣ, махсусан саноати косибӣ, ривоҷ дошта, асосан, он аз соҳаҳои истеҳсолкунандаи ашёи хоми кишоварзӣ иборат аст. Аз соҳаҳои саноати бофандагӣ истеҳсоли маснуоти ҷутӣ мавқеъи махсус дорад (қариб 1  млн т) ва дар ин бобат Банглодеш, дар қатори Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи аввалро соҳиб аст. Корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагин дар Даккаву Нарянганҷ ҷойгиранд. Дар минтақаи Читтагонг истеҳсолу коркарди матоъҳои синтетикӣ ба роҳ монда шуда, корхонаи бузурги коғазу селлюлоза низ дорад. Аз солҳои 80-и а. 20 дар Банглодеш корхонаҳои муштараке, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ, радиотехникӣ, мошинсозӣ, васлкунии автомобил машғуланд, фаъолият мебаранд. Соҳаи филиззоти (металлургияи) сиёҳро корхонаҳои филиззкории Читтагонг ба уҳда доранд, ки иқтидори солонаи танҳо пӯлод ба 250  млн т мерасад.
 
=== Нақлиёт ===
[[Акс:Jamuna Bridge.jpg|thumb|Пули Ҷамуна — яке аз калонтарин пулҳо дар ҷаҳон]]
Нақлиёт дар пешрафти иқтисодиёти Банглодеш аҳаммияти бузург дорад. Ба ин, пеш аз ҳама, мавҷудияти обҳои дохилӣ ва баҳрҳо мусоидат карда, 60 дарсади боркашонӣ ва 50 дарсади мусофиркашонии солона аз тариқи роҳҳои обӣ сурат мегиранд. Дарозии роҳҳои обии дохилӣ зиёда аз 8 ҳазор км аст. Бандарҳои бузургтарин: Дакка, Нараянганҷ, Кҳулна, Барисол, Ҷандпур. Флоти баҳрии Банглодешро киштиҳои калони баҳрӣ ташкил медиҳанд. Бандарҳои бузургтарини баҳрӣ — Читтагонг, Мунгла. Дарозии хатти р. о. ба 2816  км расида, 884 км-и онро роҳи паҳнбар ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар Банглодеш дарозии роҳҳои автомобилгард ба 207 ҳазор км мерасад, ки аз он танҳо 5 ҳазор км асфалтпӯш аст. Нақлиёти ҳавоии Банглодеш на он қадар инкишоф ёфтааст. Дар Банглодеш 15 аэропорт мавҷуд аст, ки танҳо яктои он (дар Дакка) байналмилалӣ мебошад.
 
Робитаҳои савдои берунии Банглодеш бештар бо ИМА, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон ва Хитой ривоҷ ёфтааст. Бештар аз 85 дарсади даромади содирот аз ҷут ва маснуоти аз ҷут истеҳсолшаванда ба даст меояд. Инчунин, ба хориҷа либос, чарм, моҳӣ, чой, коғаз содир мешавад. Аз хориҷа ба Банглодеш маҳсулоти озуқа, нафтӣ, кимиёӣ, филиззот, мошин ва семент ворид мекунанд.
 
=== Сайёҳӣ ===
Сайёҳӣ низ дар Банглодеш инкишоф ёфтааст. Даромади солонаи аз ин соҳа бадастоянда зиёда аз 55  млн доллар буда, соле то 300 ҳазор сайёҳ ба Банглодеш меоянд. Маркази асосии саёҳат ш-ҳои Баҳорхат (ш-и масҷидҳо), Баҳорпур, Кокс-Бозор ва Кваката (осоишгоҳҳои наздибаҳрӣ), Майнаматӣ, Силхет мебошанд.
 
== Тандурустӣ ==