Домкрат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: thumb|200px|Бардораи автомобил Акс:Gauge changing in Brest, Belarus 08.jpg|мини|Бардораи роҳиоҳанӣ УД...
 
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Jackscrew.jpg|thumb|200px|Бардораи автомобил]]
[[Акс:Gauge changing in Brest, Belarus 08.jpg|миниthumb|Бардораи роҳиоҳанӣ УДС-160МА]]
'''Домкра́́т''' (аз {{lang-nl|dommekracht}}) — афзор (механизм) барои бардоштани бори вазнин. Д.-ҳо мувофиқи сохт ва тарзи корашон рейкадор, винтӣ, ҳидравликӣ ва аз рӯи намуди ҳаракатовар дастӣ, электрӣ, пневматикӣ мешаванд. Бо Д. то 1500 т борро ба баландии 0,15–2,6 м мебардоранд. Ҷузъи асосии Д.-и рейкадор филизтахтаи боринтиқолдиҳандаест, ки барои такя намудани бор палла дорад. Аз рӯи навъи механизми интиқолдиҳанда Д.-ҳои рейкадор фишангдор ва дандонадор мешаванд. Бо­ри бо филизтахта бардошташударо тавассути таҷҳи­зоти танбадор нигоҳ медоранд. Зариб (коэффитсиент)-и кори фоиданоки Д.-и рейкадор 80% аст. Ҷузъи асосии Д.-и винтӣ аз винте иборат аст, ки ба он тавассути шарнир паллаи борбардор васл мегардад. Инчунин Д.-и винтие мавҷуд аст, ки ба болои чанача васл карда шуда, борро ба таври уфуқӣ ҳаракат меди­ҳад. Зариби кори фоиданоки Д.-и винтӣ 30–40% мебошад. Дар Д.-и ҳидрав­ли­кӣ барои бардоштани бор фишори моеотро истифода мебаранд, ки тавассути насос интиқол меёбад. Д.-и ҳидравликӣ давра ба давра (мунфасил) амалкунандаи ҳа­ракатовараш дас­тӣ ва муттасил амалкунандаи ҳаракат­о­ва­раш механи­кӣ мешавад. Д.-и ҳидрав­ликӣ ҳаракати муназзам, хо­сияти худтормоздиҳӣ, қо­билияти борбардории зиёд дошта, зариби кори фоиданокаш 75–80% аст. Д.-ҳоро барои таъмиру васл кардани ҷузъҳои вазнин, баровардану фаровардани борҳо ва ғ. истифода мебаранд.