Боғи Рӯдакӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Тавсиф: илова
илова
Сатри 4:
'''Боғи устод А. Рӯдакӣ (Боғи Устод Рӯдакӣ)''' – дар маркази ш. [[Душанбе]] воқеъ аст.
== Тавсиф ==
Боғ дар қисмати марказии ноҳияи Исмоили Сомонии ш. [[Душанбе]], соҳили чапи дарёи Варзоб (Душанбе) воқеъ аст. Масоҳати майдони боғ - 8,3 га ташкил медиҳад. Сохтори боғ шакли чоркунҷа дошта дар паҳлӯи хиёбони А. Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. . Масоҳат 18,3 га. Аз с. 1933 ба номи В.И. Ленин буд. Соли 1994 Боғи марказии фарҳангу фароғат ва с. 2008 «Боғи Устод Рӯдакӣ» ном гирифт. Баъди тармими нави саҳни боғ, аз онҷо ҳамаи атраксиону чойхонаи «Фароғат» гирифта шудаанд. Боғи марказии пойтахт бо дизайни замонавии аврупоӣ тармим карда шудааст. Гулгашти асосии боғ ба даромадгоҳи «Коҳи Миллат» пайваста шудааст. Дар маркази боғ ба муносибати 1150 солагии сардафтари адабиёти тоҷик, муҷассамаи [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] бунёд шудааст. Саҳни боғ бо гулу дарахтони ороишӣ ва фаввораҳои дорои рангу мусиқӣ ороиш дода шудааст. Соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуд ва ба як истироҳатгоҳи сарсабзу гуворо бадал гашт. Боғ дорои 1840 бех дарахтони ороишӣ, 4105 м2 гулгаштҳо, 8661 м2 чаманзор, 42667 м2 роҳраву ҷодаҳо мебошад. Дар маркази боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ, мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд. Дар боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора эъмор шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.
 
==Таърих ==
Боғ миёнаисоли солҳои 19301933 аз рӯи лоиҳаи архитекторони ш. Ленинград М. Баранов ва Н. Баранов бунёд шуда буд. Дар маркази боғи марказии фароғат ва истироҳат нусхаи биринҷии ҳайкали В.И. Ленин, ки назди Институти Смолнийи ш. [[Ленинград]] вокеъ аст, ба Душанбе оварда шудагузошта будшуд. Бинобар ин, дар замони шӯравӣ боғи марказии фароғат ва истироҳати шаҳри Душанбе ба номи В.И. Ленин гузоштаномида шуда буд. Саҳни боғ бо гулу дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо, атраксионҳо, майдончаҳо ва диг. ороиш дода шуда буд. Солисоли 1970-ӯм дар дохили боғ чойхонаи дуошёнаи «Фароғат» сохтабунёд шудагардида то соли 2007 амал мекард.<ref>Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008. – С. 278</ref>
 
== Эзоҳ ==
== Пайвандҳои беруна ==
{{эзоҳ}}
<references />
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Боғи Устод Рӯдакӣ|2|муаллиф= А. Раҳмонқулов }}
 
== Манобеъ==
* Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008. – С. 278
 
{{ҷавона}}