Атмосфераи саёраҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
[[Акс:Planets2012.jpg|alt=Сайёраҳо|thumb|601x601px|Сайёраҳо]]
'''АТМОСФÉРАИ САЙЁРÁҲО''' — қишри берунии газии сайёраҳо, ки бо қувваи ҷозиба нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи сайёраҳои Манзумаи [[Офтоб]] дорои [[атмосфера]] мебошанд, зеро массаи бузург ва қувваи ҷозибаашон барои нигоҳ доштани газҳо кофист. Лекин газҳои сабук (ҳидроген, гелий) аз атмосфераи сайёраҳои хурд ба осонӣ бухор мешаванд. Таркиби атмосфераи Замин (нигаред низ [[Атмосфераи Замин]]) аз атмосфераи дигарон сайёраҳои Манзумаи Офтоб фарқ дорад, чунки равандҳои гуногуне, ки ҳаёт­ро дар Замин ҳамроҳӣ мекунанд, шароити ба вуҷуд омадани оксигени барои мавҷудоти зинда заруриро фароҳам овардаанд. Атмосфераи сайёра таҳти таъсири энергияҳои гуногун қарор дорад, ки онро аз Офтоб ва манбаъҳои дохилӣ мегирад. Онҳо сабабгори пайдоиши силсилаҳои динамикии обу ҳаво, ба монанди тундбодҳо (дар [[Замин]]), тӯфони чанг (дар [[Миррих]]), тӯфони зидди­сиклонӣ («Доғи сурхи бузург» дар [[Муштарӣ]]) ва «доғҳо» дар атмосфера (дар [[Нептун]]) мегарданд.
 
== Атмосфераи Моҳ ==
Атмосфераи Моҳ аз қишри тунуки газӣ иборат буда, зичиаш назар ба зичии атмосфераи Замин миллионҳо маротиба кам аст (фишор дар сатҳи он 10 нПа) ва асосан аз ҳидроген, гелий, неон ва аргон иборат мебошад. Он ба Моҳ таъсире намерасонад ва ба зиндагии инсон мутобиқ нест. Манбаи атмосфера равандҳои дохилӣ (хориҷ шудани газҳо аз қаъри Моҳ ва вулканҳо) ва беруна (афтиши шиҳобҳо, боди офтобӣ) мебошанд. Ба сабаби қувваи ҷозибаи суст Моҳ газҳои аз сатҳаш хориҷшударо нигоҳ дошта наметавонад ва қисми зиёди онҳо ба Кайҳон паҳн мешаванд. Таҳқиқи атмосфераи Моҳ нишон дод, ки дар он атомҳои натрий ва калий низ вуҷуд доранд. Ғаноиши зарраҳо дар 1 см<sup>3</sup> сатҳи Моҳ шабу (105) рӯз (104) фарқ дошта, аз нишондоди Замин (2,7•1019) хеле кам аст.
 
== Атмосфераи Миррих ==
Line 22 ⟶ 24:
 
== Атмосфераи Нептун ==
Атмосфераи Нептун аз ҳидроген (80%), гелий (19%) ва метан иборат аст. Атмосфераи сайёра ба ду қисми асосӣ: тропосфера (пастшавии ҳарор. вобаста аз баландӣ) ва стратосфера (зиёдшавии ҳарорат вобаста ба баландӣ) тақ­сим мешавад. Стратосфера дар соҳаи фишорҳои 10–4–10–5 мкбар ба термосфера ва термосфера дар навбати худ ба экзосфера иваз мешавад. Дар соҳаи фишорҳои то 5 бар абрҳои аммиак ва ҳидрогенсулфид ташаккул ёфта, зиёда аз он абрҳо аз аммиак, сулфиди аммоний, ҳидрогенсулфид ва об иборатанд. Гирди сайёраро абрҳо печондаанд, тумани иборат аз этан ва атсетиленро мушоҳида намудан мумкин аст. Стратосфераи Нептун ба сабаби ғаноиши баланди карбогидридҳо назар ба стратосфераи Уран гармтар аст. Бо сабаҳои номаълум дар термосфераи сайёра ҳарор. ғайримуқаррарӣ то 750 К (476,85°С) баланд мешавад, чунки он аз Офтоб ниҳоят дур аст. Дар атмосфераи Нептун тӯфон ва бодҳои шадид (суръаташ қариб то 600 м/с) ҳодисаи муқаррарианд. Аксари бодҳо ба муқобили самти гардиши сайёра дар гирди меҳвари худ равона шудаанд. Соли 1989 дастгоҳи кайҳонии «Воя­ҷер-2» дар Нептун тӯфон-антисиклони «Доғи бузурги сиёҳ»-и андозааш 13000 × 6600 км-ро ошкор кард. Пас аз 5 сол телескопи кайҳонии «Ҳаббл» онро дар ҷойи аввалиаш пайдо накард, ки сабабаи он ҷойиваз­кунии босуръати тӯфонҳо мебошад. Ҷанубтари «Доғи бузурги сиёҳ» тӯфони дигар – «Скутер» ошкор карда шуд. Нептун инчунин 13 радифи табиӣ дорад, ки ба ташаккули атмосфераи сайёра таъсир мерасонанд. Бузургтарини радиф Тритон аст ва он яке аз се (дар қатори Ио ва Титан) радифони Манзумаи Офтоб аст, ки атмосфераи худро дорад. Нептун инчунин ҳалқаҳо дорад, ки аз ҳалқаҳои Зуҳал хурдтаранд. Онҳо эҳтимолан аз яхпораҳои бо силикат пӯшидашуда иборатанд, ки тобиши сурхранг медиҳанд. Нептун магнитосфера ва майдони магнитӣ (1,42 мкТ) дорад. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.66-69 / М. Холов.
</ref>
 
 
== Манобеъ ==
Line 45 ⟶ 46:
*Солнечная система.Москва, 2008; Кусков О. Л. и др. Системы Юпитера и Сатурна. Москва, 2009;
*Язев С. А. Лекции о Солнечной системе. СПб., 2011;
*Кононович З. В., Мороз И. В. Общий курс астрономии. Москва, 2011.
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]