Content deleted Content added
х Вироиши Кайкубод (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Guruhband анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
→‎Таърихи пайдоиш: Дусти гироми ман намедонам чаро навиштахои маро пок мекунед. Ва холо ман хуб сарфахм нарафтаам чигуна дар бахс ва дар кучо ба шумо чавоб нависам.
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 68:
 
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рузгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале [[Забони тоҷикӣ|забони тоҷикиро]] гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.
 
==Вожаи тоҷик дар ашъори бузургон==
::Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,
::Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар.
[[Унсурӣ]] - (980—1039)
::Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
::Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.
[[Абдулқодири Гелонӣ]] -(1077 - 1166)
::Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
::Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.
[[Ҷалолуддини Балхӣ]] -(1207-1273)
::Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
::Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан.
[[Ҷалолуддини Балхӣ]] -(1207-1273)
::Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,
::Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ
[[Ҷалолуддини Балхӣ]] -(1207-1273)
::Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
::Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар-ҷонро.
[[Ҷалолуддини Балхӣ]] -(1207-1273)
::Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг?
::Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг!
[[Ҷалолуддини Балхӣ]] -(1207-1273)
::Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,
::Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо.
[[Аттори Нишопурӣ]] -(1145-1220)
::Туро додор турк асту ту тоҷик,
::Бимонда бар сари ин роҳи борик.
[[Аттори Нишопурӣ]] -(1145-1220)
::Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд
::Турки ту бирехт хуни тоҷик.
[[Саъдӣ]] -(1210 - 1291)
::Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,
::Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.
[[Саъдӣ]] -(1210 - 1291)
::Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш
::Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!
[[Саъдӣ]] -(1210 - 1291)
::Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
::Бештарӣ найзавару теғзан.
[[Хусрави Деҳлавӣ]] -(1253 - 1325)
::Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
::Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.
[[Салмони Соваҷӣ]] -(1300 - 1377)
::Эй баста камар зи дуру наздик,
::Бар хуни тамоми Турку Тоҷик.
[[Ҳофиз|Ҳофизӣ Шерозӣ]] -(1325 - 1390)
::Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик,
::Лек дорем хешии наздик.
[[Абдурраҳмони Ҷомӣ]] -(1414 - 1492)
::Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,
::Гашта Туркон забунтар аз Тоҷик.
[[Абдурраҳмони Ҷомӣ]] -(1414 - 1492)
::Зиҳӣ хулқу карам к-аз дуру наздик
::Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик.
[[Аҳлии Шерозӣ]] - (1454 - 1535)
::Дил ойинадори турку тоҷик бувад,
::Зишт аст, гарат ойина торик бувад.
[[Аҳлии Шерозӣ]] - (1454 - 1535)
::Фарзанд биҷӯю б-ӯй худ соз бузург,
::Магзор ба суҳбаташ чи тоҷик, чи турк.
[[Аҳлии Шерозӣ]] - (1454 - 1535)
::Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
::Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
[[Алишер Навоӣ]]
::Турку тоҷикро ба якдигар
::Хасмиву гирудор мебинам.
[[Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ]]
::Аз дами сайиди исидами мо
::Турку тоҷик басе зинда шуданд.
[[Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ]]
::Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд ситуд,
::Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.
[[Толиби Омулӣ]] -(1581 - 1627)
::Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд,
::Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст.
[[Ҳоҷиби Шерозӣ]]
::Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл?
::Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.
[[Абдулқодир Бедил]] - (1644 - 1521)
::Бедил, дами шамшери талаб борик аст,
::З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.
::Бар ҷабҳайи эҳтиёҷ дорад арақат
::Обе ки зи сар гузаштанаш наздик аст.
[[Абдулқодир Бедил]] - (1644 - 1521)
::Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест
::Дар миёни турку тоҷику араб.
[[Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ]]
::Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд,
::Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро.
[[Қоонии Шерозӣ]] -(1808 - 1854)
::Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик,
::Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик.
[[Қоонии Шерозӣ]] -(1808 - 1854)
::Шуд ғайрати кору бори ишқат
::Зуннор миёни турку тоҷик.
[[Назирии Нишопурӣ]]
::Резахори наволаи карамаш
::Турку тоҷику бандаву озод.
[[Ҳотифи Исфаҳонӣ]]
::Чашмони ту бо дилам насозанд,
::Ҷанг аст миёни турку тоҷик.
(Файёз)
::Ёфта аз маснадаш низом мамолик,
::Малҷо турк асту садру соҳиб тоҷик.
[[Ҷайҳуни Яздӣ]]
::Он шӯх к-аз ӯст дар табу тоб
::Доим дилу ҷони турку тоҷик.
[[Муштоқи Исфаҳонӣ]] -(1688 - 1758)
::Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ,
::Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.
[[Иқболи Лоҳурӣ]] -(1877 - 1938)
::То ки бад-ин турфа хиёли сутурк
::Тоза кунад ёрии тоҷику турк.
[[Баҳор Муҳаммадтақии Маликушшуаро|Маликушшуаро Баҳор]] -(1886 - 1951)
::В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун,
::Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро
[[Баҳор Муҳаммадтақии Маликушшуаро|Маликушшуаро Баҳор]] -(1886 - 1951)
 
==Мавқеъи зист==