Варзиши сабук: Тафовут байни таҳрирҳо

Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
== Варзиши сабук дар Тоҷикистон ==
[[Акс:Дилшод Назаров.jpg|thumb|230x230px|Дилшод Назаров, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон]]
Варзиши сабук дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон инкишоф ёфта буд. Ҳамасола оид ба намудҳои Варзиши сабук мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешуданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байнал­милалӣ иштирок мекарданд. Нахустин варзишгари то­ҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико (1968) дар дави марафонӣ иштирок кард, [[Муҳаммад Шокиров]] буд. Г. Панигкин, А. Черенков, В. Шадгинев, П. Селезнёв, А. Арапенко, Х. Ижаев, М. Шадновский, Ш. Исоев, Б. Кателников, Т. Худойбердиев, Д. Аббосов, У. Хайруллоев, Ю. Иванов, В. Виноградский, М. Кажемякин, И. Дуров, З. Раҳматуллоева, М. Шокиров ва дигарон аз ҷумлаи варзишгарони номдори Тоҷикистон дар намудҳои Варзиши сабук буданд. Варзиши сабук дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол рушд кард. Дар ҷумҳурӣ асосан чунин намудҳои Варзиши сабук, ба монанди гурзпартоӣ, давидан ба масофаҳои кӯтоҳ, дароз ва миёна, давидан бо монеаҳо инкишоф ёфтааст. Варзишгарони Тоҷикистон пайваста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. [[Андрей Абдувалиев]] дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1992, Барселона), ҷаҳон (1993, 1995) ва соҳиби Ҷоми ҷаҳон (1994) гардид. Г. Дадабоева дар се Олимпиада (1996, Анланта; 2000, Сидней; 2004, Афина) дар дави марафонӣ, С. Забавский дар Бозиҳои олимпии соли 2000 (дар дави марафонӣ) иштирок намуданд. [[Дилшод Назаров]] дар [[гурзпартоӣ]] соли 2003 чемпиони Бозиҳои Осиёи Марказӣ, соли 2006 дар Дуҳа ([[Қатар]]) ва соли 2010 дар Буанҷоу ([[Хитой]]) чемпиони Бозиҳои Осиё гардид. Г. Митяева чемпион ва ҷоизадори чемпионати Осиё байни наврасон буда, дар Бозиҳои олимпии Пекин (2008) иштирок кардааст. А. Эшбеков дар чемпионати Осиё ва С. Хоҷаев дар чемпионати ҷаҳон (2009, медали нуқра) дар гурзпартоӣ байни наврасон соҳиби ҷоиза гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 ҳар сол Дави миллӣ ва дар шаҳри Душанбе аз соли 2010 ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегарданд.
 
== Эзоҳ ==