Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 33:
 
=== Театр ===
[[Акс:Аслӣ Бурҳонов дар нақши В. И. Ленин.jpg|thumb|Аслӣ Бурҳонов дар нақши В. И. Ленин.]]
Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»-и А. Усмонов, 1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, 1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938), Салим, Сафар («Калтакдорони сурх», 1941; «Дар оташ», 1944, С. Улуғзода), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, 1941—1945), Ҳоҷи («Арўсӣ панҷсўма»-и М. Ўдубодӣ, 1943), Коба («Хонлар»-и С. Вурѓун, 1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхўри»-и С. Айнӣ, 1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В. И. [[Ленин]] дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н. Погодин, «Одами милтиқдор», 1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В. Вишневский»(1951), Соати бурҷи Кремл-и Н. Погодин (1960), Тўфон"-и [[Ғанӣ Абдулло]] ва [[Шамсӣ Қиёмов]] (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и [[Ғанӣ Абдулло]] (1964), «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В. И. Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино ("Отелло ", 1948; «Ромео ва Ҷулета», 1947; «Шоҳ Лир», 1957;) «Хизматгори ду хоҷа», 1947) — беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир: «Антигона»-и Софокл (1971), «Дасти дӯст»-и [[Меҳрубон Назаров]] (1974), «Фарёди ишқ»-и [[Ғанӣ Абдулло]] (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст.
Фаъолияти коргардониаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.