Адабиёти форс-тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
|||
Сатри 1:
'''Адабиёти форс-тоҷик''' — истилоҳи нисбатан нав дар [[Адабиётшиносӣ|адабиётшиносист]], ки бори нахуст аз тарафи [[Садриддин Айнӣ]] барои ифодаи мафҳуми [[Адабиёти классикӣ|адабиёти классикии]] асрҳои 10 – 15 истифода шудааст.
Агар чанде асоси ин адабиёт дар ватани аслии тоҷикон [[Мовароуннаҳр]] гузошта шуда, аввалин осораш ба забони мардуми маҳаллии ин сарзамин – дарӣ ё порсии дарӣ ба вуҷуд омадааст ва шоирони даризабон ин ҷо дар рушди баъдинаи он саҳми намоён гузоштаанд, танҳо ба мардуми эрони имрӯза мансуб дониста мешуд. Шарқшиносон бархилофи ҳақиқати таърихӣ ҳуқуқи тоҷиконро ба мероси мадании гузашта инкор мекарданд. Ба ақидаи барғалати онҳо гӯё адабиёти тоҷик танҳо пас аз асри 16 ибтидо гирифтааст. Истилоҳи ''адабиёти форс-тоҷик'' ангезаи сиёсӣ дошт. Он вақт таъйиноти ҳудудҳои миллӣ дар [[Осиёи Миёна]] шурӯъ гардида буд. Дар арафа ва ҷараёни ин маъракаи сарнавиштсоз дар минтақа гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳое пайдо шуданд, ки мавҷудияти қавми тоҷик ва ҳуқуқи онро ба адабиёти беш аз ҳазорсолааш инкор мекарданд. [[Садриддин Айнӣ]] бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) исбот намуд, ки дар ин сарзамин аз қадим {{аввали иқтибос}}«як қавми муаззам бо номи тоҷик, ё ин ки тозик»{{охири иқтибос|сарчашма=[[Садриддин Айнӣ]]}} зиндагӣ дошта, адабиёти классикии асрҳои 10 – 15, ки бо унвони ''адабиёти форсӣ'' шӯҳрат ёфтааст, аслан офаридаи [[тоҷикон]] аст. Бунёди онро [[Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ|Абуабдуллоҳи Рӯдакии Панҷрӯдӣ]] гузоштааст ва баъди ӯ низ садҳо адибони барҷаста, мисли [[Рашидии Самарқандӣ]], [[Низомии Арӯзии Самарқандӣ]], [[Сӯзании Самарқандӣ]], [[Амъақи Бухороӣ]], [[Носири
Азбаски адабиёти форс-тоҷик ба истиснои давраи қадим ва марҳалаи оғози ташаккули он дар асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдӣ ба забони форсии нав – ''форсии дарӣ'' навишта шудааст, онро маъмулан бо номҳои ''«адабиёти форсӣ» ё «адабиёти форсии дарӣ» ё «адабиёти форсии тоҷикӣ» ё «адабиёти тоҷик» зикр менамоянд. Бинобар ин адабиёти форс-тоҷикро имрӯз бештар «адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»'' меноманд. == Эзоҳ ==
|