Олег Антонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х мукофот ҶОИЗА нест using AWB
Сатри 1:
{{Олим}}
'''Оле́г Константи́нович Анто́нов''' ({{СанаиТаваллуд|25|1|1906|7|2}} [[Подолск]] — [[4 апрел]]и [[1984]], [[Киев]]) — авиаконструктор, яке аз асосгузорони планеризми советӣ, академики АИ СССР (1981) ва АИ РСС Украина (1967), доктории илмҳои техникӣ (1960), [[профессор]] (1978). [[ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ]] (1966). Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5 — 10). Дорандаи мукофоти сталинӣ (1952), мукофоти ленинӣ (1962).
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Ленинград (1930). Авиаконструктор оид ба истеҳсоли планерҳо дар яке аз заводҳо (1931 — 38), муҳандиси пешбар (1938 — 43), муовини сарконструктори Бюрои конструктории А. С. Яковлев (1943 — 46). Роҳбари Бюрои конструктории навташкил дар шаҳри Киев (1943). Аз соли 1978 дар Донишкадаҳои Киев ва Харков ба фаъолияти илмию педагогӣ машғул буд. Таҳти роҳбарии Антонов як силсила планерҳои «Голуб», «Рот-Фронт-1», «Рот Фронт −2», «Рот Фронт-3», «Рот Фронт-4», самолётҳои мусофиркашон ва ҳарбию боркашони Ан-2, Ан-8, Ан-10, Ан-12, Ан-14, Ан-22 («Антей»), Ан-124 («Руслан») ва ғайра сохта шуданд. Бо сохта шудани Ан-8 масъалаи мушкили бо тариқи ҳаво кашондан ва аз ҳаво партофтани техникаи вазнини ҳарбӣ ҳалли худро ёфт; бо Ан-33 танҳо дар соли 1967-ум 15 рекорди ҷаҳонӣ ҷиҳати борбардорӣ (аз 35 то 100 т) гузошта шуд; Ан-124 то 1540 т бор бардошта метавонад.
 
== Эзоҳ ==