Лутфулло Солиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: Изображение → тасвир using AWB
→‎Преамбула: вироишоти сабкӣ
Сатри 8:
|санаи таваллуд= 15.03.1941
|зодгоҳ= {{Зодгоҳ|ноҳияи Рӯдакӣ }}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССР]]
|санаи марг = номаълум
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|шаҳрвандӣ = {{Парчам| Тоҷикистон}}
|фазои илмӣ =
Line 27 ⟶ 26:
}}
 
'''Лутфулло Солиев ''' (тав. 15.03.1941, ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин), кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009).
 
== Зиндагинома ==
Солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]] таҳсил кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2007 то ба имрӯз мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] буд. Оид ба мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Яке аз муаллифони равияи нави илмӣ – пешгӯии мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи бо ёрии методи интиқол мебошад. Муалифи 3 монография, 3 китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ, 13 ихтироот ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ ва илмию методии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Барои хизматҳояш бо нишони сарисинагии «[[Аълочии маорифи Тоҷикистон]]» (2000), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст.