Гӯрғулӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Гӯрғулӣ, Гӯрғулисултон, Гӯруғлӣ''' — қаҳрамони марказии [[Ҳамоса|ҳамосаи]] мардумии [[Гӯрғулӣ (ҳамоса)|Гӯрғулӣ]].
'''Гӯрғулӣ''' — паҳлавоне мебошад, ки дар гӯр таваллуд ёфтааст, ки модараш Бибӣ-Ҳилол буда, падараш номаълум аст. Қиссаи таваллуди розомези Гӯрғулӣ чунин аст: Аҳмадхони сардори қабила Бибӣ-Ҳилол хоҳарашро маҷбурӣ ба Райҳонараб доданӣ мешавад, аммо ӯ ба Райҳонараб расидан нахоста, рӯй ба чулу биёбон меорад. Дар биёбон аз ташнагӣ ҷон ба ҳақ таслим мекунад ва мурдаи ӯро уштурбоне ёфта, ба назди Аҳмадхон мебарад. Пас аз дафн кардан, дар гӯр аз модари фавтида писарчаи неруманде ба дунё меояд. Аз ин хотир ӯро «Гӯрғулӣ» меноманд, яъне бачае, ки дар гӯр таваллуд шудааст ё худ Гурзод. Дар варианти ӯзбекӣ — Гӯрӯғлӣ, яъне «писари гӯр» аст.
 
 
'''Гӯрғулӣ''' тибқи ривоятҳо паҳлавоне мебошад, ки дар гӯр таваллуд ёфтааст, ки модараш Бибӣ-Ҳилол буда, падараш номаълум аст. Қиссаи таваллуди розомези Гӯрғулӣ чунин аст: Аҳмадхони сардори қабила Бибӣ-Ҳилол хоҳарашро маҷбурӣ ба Райҳонараб доданӣ мешавад, аммо ӯ ба Райҳонараб расидан нахоста, рӯй ба чулу биёбон меорад. Дар биёбон аз ташнагӣ ҷон ба ҳақ таслим мекунад ва мурдаи ӯро уштурбоне ёфта, ба назди Аҳмадхон мебарад. Пас аз дафн кардан, дар гӯр аз модари фавтида писарчаи неруманде ба дунё меояд. Аз ин хотир ӯро «Гӯрғулӣ» меноманд, яъне бачае, ки дар гӯр таваллуд шудааст ё худ Гурзод. Дар варианти ӯзбекӣ — Гӯрӯғлӣ, яъне «писари гӯр» аст.
 
Дар нусхаи тоҷикони Афғонистон, модари Гӯрғулӣ дар боғе сайругашт мекард, ки ногоҳ аз болои девор нури поки ҳазрати Сайидулшуҳадо Алии Муртазоро мебинад ва он як сония давом меёбад, сипас ба ҳамин ин духтари бокира бордор мешавад. Дар ин вариант ҳам падар номаълум ва нур аз ғайб мерасад. Тибқи ривояти Қ. Раҷаб, ҳазрати Алӣ Бибӣ Ҳилолро, ки гурехта ба хонаи ӯ омада буд, зани худ пиношта, аз дур ба сӯяш себе ҳавола медиҳад. Себ ба пушти Ҳилол мерасад ва ӯ пас аз ин ҳодиса обистан мегардад. Бояд гуфт, ки образи ҳазрати Алӣ низ дар ин лавҳа шакли исломишудаи кадом як персонажи асотирии бостонӣ мебошад. Таваллуди Гӯрғулӣ дар вариантҳои гуногуни эпос ба рамзу розҳои асотирӣ омехта аст ва ба он далолат мекунад, ки мотиви мазкур аз гузаштаҳои дур ба мазмуну мундариҷаи устураву қиссаву афсонаҳои тоҷикӣ ворид шуда, тағйиру такмил ёфта то ба имрӯз омада расидааст. Ба ҷуз аз таваллуди асроромези Гӯрғулӣ инчунин нишонаву хусусиятҳои дигари асотирӣ дар тавсири образи ӯ ба назар мерасанд, ки дар маҷмӯъ як тимсоли комилро ташкил медиҳанд. Дар мазмуни достонҳо, дар тавсифу тасвири чеҳраи Гӯрғулӣ баъзе унсурҳои асотирӣ низ ба назар меоянд. Гӯрғулӣ дар достонҳои тоҷикӣ бо номҳои Гӯрғулисултон, Гӯрғулихон, Гӯрғӯлишоҳ номбар мешавад, аммо лақаби ӯ «Беги авлиё» мебошад. Авлиё — дар тасаввури мардуми авом шахси назаркардаи Худо, инсони поку муқаддас ва то як андоза аз ғайб огоҳ мебошад. Гӯрғулиро «авлиё» мегӯянд, ки ин ҳам нишонаи асотирӣ ва баромади қадима доштани ин образ аст. Далели дигари мансубияти Гӯрғулӣ ба як қаҳрамони асотирӣ ин аст, ки ӯ бо асп пайвастагии ғайриоддӣ дорад. Ҷолиб аст, ки худи Гӯрғулӣ бо шири асп калон мешавад ва дар навбати худ ба аспаш шири инсон медиҳад. Ӯ ба курраи аспаш шири инсон мехӯронад, то ки ақли инсонро гирад, шири рӯбоҳ медиҳад, то ки зирак шавад, шири харгӯш медиҳад, то ҳушёр бошад. Дар ин ҷо дар чеҳраи асотирии Гӯрғулӣ ақидаҳои қадимтарини тотемистӣ бозтоб шудаанд.