Радиотехника: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
Радиотехника пайваста бо радиофизи­ка, электротехника, физикаи диэлектрикҳо, физикаи нимноқилҳо, электроакустика, электроника, назарияи лаппишҳо, назарияи информатмия ва ғайра инкишоф ёфт. Таърихи Радиотехника аз корҳои М. Фарадей ва Ҷ. К. Максвелл ибтидо мегирад. Мавҷҳои электромагнитии (МЭ) радиодиапазонро аввалин бор Г. Ҳертс (1886—1889) ҳосил кард ва омӯхт. Вай қобилияти иг мавҷҳоро ба инъикос, шикаст, ин­терференсия ва поляризатмия нишон дод, аммо татбиқи онҳоро барои интиқоли ахбор пешбинӣ карда натавонист. Дар таҷрибаҳои Гертс ҳодисаи резонанс роли муҳим бозидаанд. А. С. Попов таҷрибазои Гертсро ривоҷ дода, масъалаи бо ёрии МЭ муқаррар кардани алоқаи бесимро ҳал намуд ва аппарати ба қайдгирии сигналҳоро сохт. Попов 7 май 1895 аввалин дар ҷаҳон [[радиоприёмник]]ро бунёд кард. Тақрибан баъди як сол кори чунин аппаратро олими италиявӣ Г. Маркони намоиш дод.
 
Аввалин [[Радиостаннсия|радиостаннсияҳои]] ирсол ва қабул, ки дар давраи аввали ин­кишофи Радиотехника бунёд гардиданд, бо радиомавҷҳои зудхомӯшшаванда (мавҷҳои кӯтоҳ) кор мекарданд. Ба туфайли гузаштан ба истифодаи мавҷҳои нисбатан дароз, афзудани иқтидори нақлкунакҳо ва андозаҳои антенна, инчунин татбиқи детектор масофаи радиоалоқа тадриҷан зиёд шуд. Истифодаи радиомавҷҳои хомӯшнашавандае, ки бо генераторҳои камонӣ ва мошинии баландбасомад ангезонда мешаванд, зинаи нави инкишофи Радиотехника гардид. Соли 1925 бо ёрии мошини индуктории баландбасомади В. П. Вологдин байни Москва ва Ню-Йорк радиоалоқа муқаррар карда шуд. Ба вуҷуд омадани [[Лампаи электронӣ|лам­паи электронӣ]] дар ҳамаи соҳаҳои Радиотехника тағйироти куллӣ ба амал овард. Бо истифодаи радиолампаҳо генериронии радиомавҷҳои дарозиашон аз чанд сад м то чанд км имконпазир гардид.
 
Ибтидои солҳои 20 асри 20 баробари алоқаи радиотелеграфӣ [[радиошунавонӣ]] низ ба вуҷуд омад. Афзоиши шумораи радиостансияҳои алоқа ва радиошунавонӣ ва кӯшиши бо мавҷҳои дароз кор кардани онҳо боиси дар эфир зиёд шудани халалҳои тарафайн гардид ва зарурати риоя намудани созишҳои байналхалқиро оид ба тақсимоти радиомавҷҳо ба миён овард. Дар бунёди стансияҳои пуриқтидори радиошунавонӣ ва шабакаҳои синхронӣ СССР дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Пайдоиши телевизиони электронӣ, ки дар миёнаҳои асри 20 маъмул гардид, дар Радиотехника дтгаргуниҳои калон ба амал овард. Барои мушоҳидаи просессҳое, ки дар шароити ба инсон дастнорас (дар кайҳон, умқи замин, соҳаҳои радиатсияашон баланд ва ғайра) ба амал меоянд, аппаратҳои телевизионӣ низ истифода мешаванд.