Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 91:
[[Акс:(UAE) The Dubai Fountain at Dusk 01.jpg|thumb|[[Dubai Mall|The Dubai Mall]], бузургтарин маркази фурӯш дар ҷаҳон]]
Аз соли 1956 сар карда паёпай кашф шудани конҳои нефт дар Абузабӣ, Дубай, Шарҷа ва Раъс-ул-Хайма мӯҷиби дар муддати кӯтоҳ ба давлати бузурги истихроҷкунандаи нефт дар Шарқи Миёна табдил ёфтани Иморот гардид. Вобаста ба ин дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар низ тараққӣ карда, он ба маркази иқтисодии байналхалқӣ табдил ёфт. Асоси иқтисодиёти Иморот истихроҷ ва содироти нефт (2,2 млн баррел дар як рӯз; захираи табииаш дар ҳудуди зиёда аз 7 млрд т; 10%-и захираи нефти олам аст) ва газ (захираи табииаш 5,7 триллион м<sup>3</sup>) буда, вобаста ба ин истеҳсоли масолеҳи нефт, саноати коркардаи нефт, нефту химия, металлургия, истеҳсоли семент тараққӣ кардааст. Савдои беруна хеле рушд карда, маркази тиҷоратӣ — Дубай ва минтақаи савдои озод — Ҷабал Алӣ маблағгузории (инвеститсияи) хориҷиро бештар аз ҳама ҷалб мекунанд. Танҳо бандарҳои Рашид (Дубай) ва Ҷабал Алӣ (Фуҷайра) дар як сол зиёда аз 3 млн контейнерро интиқол медиҳанд. Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ (6 аэропорти байналхалқӣ, бандарҳои баҳрӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, соли 2010 метро ба кор даромад) ва телекоммуникатсия хеле тараққӣ кардааст. Маблағгузориҳои калон ба сохтмони биноҳо ва маҷмааҳои мӯҳташам ҷалб мешаванд. Истихроҷ ва содироти марворид ва маҳсулоти моҳидорӣ низ дар иқтисоди кишвар ҷойи намоён дорад. Аз ҳунармандии анъанавӣ бофтани қолин ва матоъҳои пашмӣ, ҳаккокию зарробии филизот муравваҷ аст. Дар воҳаҳо мевагиҳо, сабзавот, ғалладона ва ғ. парвариш ва кишт карда мешаванд. Чорводории кӯчӣ (бодиягардӣ) маъмул аст. Иморот асосан масолеҳи мошинсозии вазнин ва саноати химия, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, равғанҳои молиданӣ, молҳои сермасраф ва хӯроквориро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Япония, Британияи Кабир, Таиланд, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, Сингапур.
[[Акс:Executive Towers Under Construction on 30 January 2007.jpg|200px|thumbnail|right|Сохтмони осмонхарошҳо дар Дубай]]
 
== Маориф ==