Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 69:
== Сохти давлатӣ ==
Сохти давлатии Иморот ба ҳам омадани сохти ҷумҳуриявӣ ва подшоҳӣ аст. Конститутсияи амалкунанда соли 1996 қабул шудааст. Раиси давлат — президент (аз рӯи анъанаи ҷоришуда — ҳатман шайхи Абузабӣ ва сардори ҳукумат — сарвазир маъмулан шайхи Дубай) буда, ӯ ҳамзамон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ ва Шӯрои олии мудофиа мебошад. Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон, раиси онро президент таъйин мекунад. Мақомоти қонунбарор — Шӯрои Федералии Миллӣ, ки ба ҳайаташ аз ҳар иморат, вобаста ба нуфуси аҳолиаш, шумораи муайяни намояндагон ворид мешаванд. Ҳар иморат интихоботро мувофиқи салоҳдидаш мегузаронад. Дар маҳалҳо ҳокимият дар дасти шайхҳо — ҳокимони иморатҳо мебошад. Ҳокимияти судӣ — Суди олии федералӣ аз раис ва 4 судяи мустақил иборат буда, он масоилу муносибати байни иморатҳо, байни ҳукумати федералӣ ва ҳукуматҳои маҳаллиро танзим мекунад. Дар Иморот ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Иморот узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Лигаи Давлатҳои Араб, ОПЕК мебошад. Байни Иморот ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ 18 ноябри 1995 барқарор гардида, 6 августи 1997 Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Иморот таъсис дода шудааст.
{{Саросарнамо|Burj Dubai 001.jpg|900px|Бурҷи Халиф ва дигар бурҷҳои атроф|text-align=center}}
 
== Табиат ==