Вов (ҳарф): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 5:
 
== Овоз ==
Овозе, ки ин ҳарф дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (то соли 1940) бо ҳарфи V ва аз соли 1940 дар таркиби алифбои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи В ифода мекард, мисли «в»-и алифбои имрӯзӣ (2015) ва дар баъзе ҳолатҳо монанди «у» ё «ӯ» талаффуз карда мешавад. Ин ҳарф ба воситаи алифбои оромӣ омадааст.

== Абҷад ==
Дар [[Абҷад]] (ҳисоби جمل) вов ҳарфи дуюми калимаи ҳавваз (هوز) мебошад ва қимати адади 6-ро дорад. Дар таҷвид вов аз ҳарфҳои мусаммат (ҳамсадо) ва мад аст. Дар илми ахтаршиносӣ аломат ва рамзи бурҷи мизон мебошад. Дар талаффуз баъзан бо ҳарфҳои «б»; ёб – ёв ва гоҳе ба ҷойи ҳамзаи сокин дар калимоти арабӣ; ҷузъ–ҷузв, ё ба алиф – камон – камун бадал мешавад.

Алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣфорсӣ аз 32 ҳарф иборат аст, ки онҳо аз ҷиҳати тарзи навишт бо ҳуруфи баъдӣ ба ду гурӯҳ –мунфасила (7 ҳарфи ҷудо, фосиладор) ва муттасила (25 ҳарфи пайваст) ҷудо мешаванд. Ҳарфи вов ба гурӯҳи ҳарфҳои ҷудо (мунфасила) тааллуқ дорад ва аз ҳуруфи баъдӣ ҷудо навишта мешавад. Ду шакли ҳарфи вов – шакли ҷудогона ва шакли барои пайвастан бо ҳарфи пешина маъмул аст. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҳарфи вов яке аз ҳарфҳои сервазифа ба шумор меравад. Дар ин расмулхат вов дар аввали калима ҳамсадои в-ро ифода мекунад, дар байн ва охири калима низ метавонад ин ҳамсадоро ифода кунад: ورزش – варзиш, دوا – даво, مرو – Марв, روز – рӯз, –دارو – дору, آبرو – обрӯ. вов ҳамроҳи алифاو барои ифодаи ҷонишини шахси сеюми танҳо «ӯ» истифода мешавад. Дар баъзе калимаҳои тоҷикӣ ҳарфи вов навишта мешавад, вале талаффуз намешавад. Дар ин гуна калимаҳо ҳарфи В-ро В-и маъдула меноманд: خواب ‒ хоб, خواجه – хоҷа, –خواهر – хоҳар ва ғ. Маъдула аз решаи عدل – ъудул (кардан) ба маънои «баргаштан, мунҳариф шудан, пас гаштан аз тасмими худ» аст. Сабаби пайдо шудани В-и маъдула мавҷудияти фонемаи мураккаби «xv» дар забонҳои бостонии эронист. Дар забони авестоӣ ва паҳлавӣ ба иловаи خ-и маъмулӣ низ ба кор мерафт. Аз овози пурраи х ва нимаовози в иборат буд ва барои ифодаи худ ҳарфи махсусе дошт. Дар давраҳои ба алифбои арабиасос гузаштан ғайр аз خ ҳарфе набуд, ки ин овози мураккабро ифода кунад, дар натиҷа ин ҳарфи махсус бо овози мураккаб аз байн рафт, вале барои ифодаи он дар ҳайати баъзе калимаҳо таркиби خو боқӣ гузошта шуд, ки бо истилоҳи вов-и маъдула машҳур гашт. вов-и маъдула дар илми овошиносии классикӣ бо номи «ишмоми замма» низ ёд шудааст, «ишмом» ба маънои «бӯй бурдан», яъне бӯй бурдан аз замма аст, зеро ҳарфи خ дар калимаҳои боло дар қадим мафтуҳи моил ба мазмум будааст, яъне дар ин маврид ҳангоми талаффуз ба вов низ алоқамандӣ доштааст. Дар китоби «Дастуру-л-луғат»-и Натанзӣ дар қатори ҳарфҳои گ پ،چ، ژ،ر таркиби خو низ чун ҳарфи хосси форсии тоҷикӣ пешниҳод шудааст. вов дар алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ ба вазифаҳои пасванди тасғири و (хурдӣ ва навозиш) меояд ва дар ин маврид ба пасванди хурдии -ак муродиф аст:
 
вов дар охири калимаҳо ҳамчунин ба сифати пасванд омада, маънии нисбат ва фаровонро ба он калима ворид месозад, ба монанди: ریشو – ришу – ришдор, серриш; شکمو – шикаму – пурхӯр, шикамғафс, نزو – назу, бонозунуз ва ғ.: