Ноҳияи Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 95.142.88.205 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки 95.142.88.224 анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 97:
Дар кўҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тилло истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рим дидан мумкин буд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал-Олам», «Сурат ал-Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кўҳҳои Бутамон тилло, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Шиносоии халқу давлатҳои кўҳан ба табиату сарватҳои табиии Гава Суғд (Бутамон, музофотиЗарафшон) ҳанўз аз аҳди қадим сурат гирифта буд. Дар аҳди қадим Кўҳистони Зарафшон қисми калони мамлакати бостонии хушманзари Суғдро ташкил медод. Дар китоби муқаддаси зардуштимазҳабон – Авасто доир ба об хок, наботот, олами ҳайвонот, зироатпарварӣ, коркарди замин, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд (Кўҳистони Зарафшон) маълумотҳои ихчам, вале ҷолиб фароҳам омадааст. Дар Авасто ҳосилхез кардани замин, барҳамдодани ботлоқзорҳо ва обшор намудани заминҳои беҳосилро аз ибодат афзалтар шуморида аст. Шояд ҳамин андарзи китоби муқаддас боиси он гардид, ки Кўҳистониён порчаҳои хурди заминро бо машаққати зиёд ободу хуррам гардонида, ба наслҳои оянда ба меросӣ доданд. Баъдан ин шиносои дар замони истилои Искандари Мақдунӣ (асриIV- и то милод), забткориҳои арабҳо (асрҳоиVII-VIII милод) ва алалхусус дар замони ҳукмронии Сомониён густариш ёфта, водии Зарафшон ҳамчун истеҳсолкунандаи тилло, қалъагӣ, навшодир, симоб, сангҳои гаронмоя ва ғайра шўҳрати калон пайдо намуда буд. Дар солномаи асримиёнагии географи Чиннистон Ли-ян-шоу-Бейши (Таърихи шимол с.435-милод) хабар дода шудааст, ки дар болооби Зарафшон тилло, оҳан, ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд, боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст.
Баъди шўриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зул-нона фармонфармоӣ мекард. Дарасри Х Бутамон якҷоя бо Истарафшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.
Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кўҳистон ва рўди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кўҳистон ва рўди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.
5 майи соли 1867 Самарқанд ба Руссия тобеъ гардид. 11 июли соли 1867 дар ҳайати империяи Руссия Генерал-губернатории Туркистон таъсис ёфт ва дар ҳайати ин Генерал-губернаторӣ бо маркази Самарқанд Округи Зарафшон ташкил шуд. Ин замон бекигариҳои болооби Зарафшон – Киштут, Моғиён, Фалғар, Фон ва Мастчоҳ, ки замоне тобеияти Самарқанду Бухоро мекарданд, ба миригариҳои ниммустақиле табдил ёфтанд. Баҳори соли 1870 Панҷакант ба тобеияти Руссия гузашт. Ба мақсади тобеъ кардани Кўҳистон 25 апрели соли 1870 бо сарварии сардори округи Зарафшон генерал-майёр А.К.Абрамов ба мақсади ба округи худ ва ба ин васила ба ҳайати Руссия ҳамроҳ кардани Кўҳистон юриш оғоз мешавад. Ва худи ҳамон сол ноҳияи Айнӣ дар қатори Панҷакенту Самарқанд ба ҳайати Руссия дароварда мешавад.
Ноябри соли 1917-1918 дар қаламрави имрўза Тоҷикистони шимолӣ (дар ҳудуди он ноҳияи Айнӣ) русҳо Ҳокимияти Шўравӣ барпо намуданд.
14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.
16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон мубаддал гардид.
9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
 
==Тақсимоти маъмурӣ==