Домпизишкӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 1:
'''Домпизишкӣ''' ({{lang-fa|دامپزشکی}}), '''байторӣ''', '''ветеринария''' (аз {{lang-la|veterinarius}})
== Таърих ==
Сатри 6:
Дар асрҳои миёна инкишофи байторӣ нисбатан суст шуда бошад ҳам, афзудани талабот ба маҳсулоти чорводорӣ барои тайёр кардани байторҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Соли 1761 мирохур (шталмейстер)-и фаронсавӣ К. Буржела дар ш. Лион аввалин мактаби байториро таъсис дод. Минбаъд чунин таълимгоҳҳо дар Алфоре (1765), Копенгаген (1773), Вена (1775), Дрезден (1776), Ганновер (1778), Будапешт (1787, Берлин ва Мюнхен (1790), Мадрид (1793) низ ифтитоҳ шуданд. Аз ибтидои асри 19 ангезандаи бисёр касалиҳои ангалӣ (паразитӣ) ва сироятӣ ошкор гардиданд. Конгресси 1-уми байналмилалӣ (Гамбург, 1863) ва конференсияи байналмилалии байторӣ (Вена, 1872) ба пешгирии касалиҳои тоун ва илтиҳоби шуши чорво бахшида шуда буданд.
Байторӣ дар Россия асрҳои
== Байтории тоҷикон ==
Байтории тоҷикон аз ҷумлаи илмҳои қадимист. Мардуми ориёитабор дар робита ба байторӣ асарҳои зиёде таълиф намуда, дар боби пешгирию муолиҷаи касалиҳои чорво, хусусан асп, хеле комёб гаштаанд. Дар боби шинохтани асп ва муолиҷаи иллати аспон «Одобу-л-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» ном асари Муборакшоҳ маълумоти хеле ҷолиб медиҳад. Асар асри 12 таълиф шудааст. Мас., муаллиф навиштааст: «Бидон вафқа-л-Лоҳ, ки асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад. Ва дар ин китоб ҳама ёфт шавад ва асп аз асп тафовут кунад сахт. Бисёр асп мехаранд ба сад динор, ки ба даҳ ҳазор динор биарзад». Як бахши махсуси китоб ба касалиҳои асп бахшида шудааст. Чунончи, муаллиф оид ба баланд шудани ҳарор. аспон менависад: «Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамаш гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад. Илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф доранд, дигар рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонанд, то он об ба як ман боз ояд, пас биполоянд, дар даҳани сутур (ҳайвон) резанд, некӯ шавад». Ё худ дар бораи чашмдард чунин маълумот овардааст: «Аспе, ки аз чашмаш об равад ва бемор бувад, нишон он аст, ки чашм кушода дорад ва андак моя рим аз бинии ӯ меояд ва об аз чашм ҳаме равад ва алаф некӯ нахӯрад. Илоҷ он бувад, ки равғани хуг даҳ сер ва намак як мушт андаромезад ва андар бинии асп резад ва зарчӯба ва ҳуқаи сирка андар тӯбра кунад ва дар сари асп кашад як нимрӯз, то об аз бинӣ фуруд орад ва дуруст шавад». Яке аз чунин китобҳои дигар «Солутари аспон» мебошад. Асар аз 50 боб иборат буда, ба забони санскритӣ таълиф ва дар аҳди шоҳи Ҳинд Шоҳиҷаҳон (ҳукмр.
== Байторӣ дар Тоҷикистон ==
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мутахассисони соҳаи байторӣ солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ омаданд. Соли 1929 дар назди Комиссариати халқии зироат шуъбаи байторӣ ташкил шуд. Худи ҳамон сол нахустин озмоишгоҳи байторӣ ва соли 1931 озмоишгоҳи таҳқиқи ашёи чармгарӣ ба фаъолият пардохтанд. 11 сент. 1935 дар ш. Сталинобод техникуми зооветеринарӣ (бо шуъбаҳои байторӣ ва зоотехникӣ) кушода шуд. Соли 1943 дар заминаи озмоишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ Бунгоҳи таҷрибавии таҳқиқоти илмии байторӣ (баъдан ба Институти таҳқиқоти илмии байторӣ табдил дода шуд) таъсис ёфт. Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидор бо қарори КМ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷ. соли 1963 дар назди фак-ти зоотехникии Ин-ти кишоварзии Тоҷикистон шуъбаи байторӣ кушода шуд, ки он соли 1965 ба факултети байторӣ мубаддал гашт. Олимони тоҷик дар кори мубориза зидди касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таҳқиқи қонуниятҳои умумии пайдоиши сил, брутселлёз ва лейкози чорвои калону мурғон, гелминтозҳои ҳайвонот ва парандаҳо, ошкор намудани манбаъҳои табиии касалиҳои сироятӣ ва ангалии ҳайвоноту одам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Масъалаҳои эпизоотологияи касалиҳо, биологияи ангезандаҳо, қисирмонии ҳайвонот ва сабабҳои касалиҳои ҷавонаҳо низ мавзӯи таҳқиқи мутахассисон мебошанд. Олимони тоҷик усули пешгирии касалии хламидиоз
Соли 1990 дар Тоҷикистон 45 бунгоҳ, 49 табобатхона, 222 қитъа, 2 озмоишгоҳи ҷумҳуриявӣ, 4 озмоишгоҳи вилоятӣ, 16 озмоишгоҳи ноҳиявӣ фаъолият дошт. Феълан дар ҷумҳурӣ 24 маркази ташхис, 135 ассотсиатсияҳои хусусӣ ва 131 дорухонаҳои байторӣ, инчунин 2150 нафар байтор кор мекунанд (2012). Фаъолияти кормандони соҳаи байториро Хадамоти назорати давлатии байторӣ танзим менамояд. Ба сохтори хадамот Маркази назорати давлатии маводи байторӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳадди давлатӣ ва нақлиёт, дастаи махсуси карантинии милитсияи ВКД ҶТ, Маркази миллии ташхиси байторӣ, Маркази ҷумҳуриявии пешгирии касалиҳои чорво ва ғ. дохил мешаванд. Дар тараққии байтории ҷумҳурӣ саҳми Пустовой И. Ф., Мустақимов Р. Г., Авесаломов И. С., Белкин байторӣ Л., Мансурова М. У., Ҳасанов Н. Ҳ., Бадалов Э. Т., Сатторӣ И., Мирзоев Д., Амирбеков М. ва диг. калон аст.
Сатри 20:
== Адабиёт ==
* Кувшинов А.
* Гинзбург А. Г., Иванов А.
* Авесаломов И.
* Пустовой И.
* Шаболов А. Таърихи ветеринарии Тоҷикистон. Д., 2003;
* Сатторӣ И., Сатторов Н.
* Саттори И., Турдиев Ш., Муминов А. Диагностика, профилактика и ликвидации бруцеллёза сельскохозяйственных животных в Республике Таджикистан. Д., 2007;
* Сатторӣ И., Ҳасанов Н.
* Сафаров Г., Сатторӣ И., Ҳасанов Н. Дорушиносии тибби ветеринарӣ. Д., 2008;
* Сафаров Г. С., Ҳасанов Н. Р., Розиқов Ш. Ш., Раҳимов Ф.
* Мирзоаҳмадов Ш., Сатторӣ И. (ва диг.). Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. Д., 2011.
== Сарчашма ==
|