Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 2:
== Таърих ==
Дар соли 1999 дар [[Майдони "Дӯстӣ" |майдони Дӯстӣ]] дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии  ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии ш. [[Душанбе]], ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни [[давлати Сомониён]] - аввалин давлати тоҷикон, "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон ([[Давлати Сомониён]]) — [[Исмоили Сомонӣ]] сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав - майдони"Дӯстӣ" гардид.  Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ - 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тиллоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён (асри IX—X дар ш. Бухоро) низ сохта шудааст.  Аз ду ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд. Муҷтамаи ёдгории дар майдони "Дӯстӣ" бунёдгардида соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100 солагии [[Давлати Сомониён]] номи "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"-ро гирифтааст.
 
== Нигораҳои "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"==
<center>
<gallery>
Duschanbe Somonidenkmal.jpg
Dushanbe 2010 02 Somoni Monument.jpg
Ismaili somoni dushanbe.jpg
Dushanbe 2010 04 Somoni Monument.jpg
</gallery>
</center>
 
== Адабиёт ==