Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ — дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.[1])

ТаърихВироиш

Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии  ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён — аввалин давлати тоҷикон, "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) — Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав - майдони"Дӯстӣ" гардид.  

Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ - 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тилоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён (асри IX—X дар ш. Бухоро) низ сохта шудааст.  Аз ду ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд. Муҷтамаи ёдгории дар майдони "Дӯстӣ" бунёдгардида соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён номи "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"-ро гирифтааст.

Нигораҳои "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"Вироиш

АдабиётВироиш

  • Салия Мамаджанова, Рустам Муқимов. Меъморӣ ва шаҳрсозӣ Душанбе (таърих, назария ва амалия). — Душанбе, 2008, с. 286-287.

ЭзоҳВироиш