Врангел, Пётр Николаевич: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Ходими давлатӣ}} '''Врангел Пётр Николаевич''' (15.8.1878 — 25.4.1928, Брюссел) — сарлашкари рус, роҳб...
 
No edit summary
Сатри 3:
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи Донишкадаи кӯҳии Санкт-Петербург, Академияи Ситоди генералӣ (1910) ва Мактаби афсарони савора (1911), дар ҷанги русу ҷопон (1904—1905) иштирок дошт. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-18) фармондеҳи полки казакҳои савора, бригада, дивизия ва корпуси аскарони савора буд. Аз ҳодисаҳои феврали 1917 хушнуд набуд. Баъди Инқилоби Октябр ба Қрим рафт. Аз сентябри 1918 дар артиши ихтиёриён фармондеҳи дивизия ва баъдан корпуси аскарони савора, аз январи 1919 фармондеҳи артиши ихтиёрии Қувваҳои мусаллаҳи ҷануби Руссия. Лашкари В.Врангел январи 1919 Артиши Сурхро аз Қафқози Шимолӣ ба ақибнишинӣ маҷбур сохта, моҳи июн ш. Волгоградро ишғол намуд. Бо сабаби сар задани ихтилоф бо А. И. Деникин (январи 1920) Врангел аз вазифааш сабукдӯш шуда, ба Истанбул рафт. Аз 4.4.1920 бо исрори намояндагони Антанта В.Врангел сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ҷануби Руссия таъйин шуда, ҳукумати Ҷануби Руссияро таъсис дод. Дар охири соли 1920 Артиши сурхи болшевикон В.-роВрангелро дар Таврияи Шимолӣ ва Қрим шикаст дод. Врангел ноябри 1920 артиши 80-ҳазорнафараашро аввал ба Туркия, баъд ба Булғория ва Югославия интиқол дод. Соли 1924 Иттифоқи умумиҳарбии русро дар Порис таъсис дод. Соли 1926 ба Белгия кӯчида, 25 апрели 1928 дар ш. Брюссел аз бемории сил вафот кард.
 
== Эзоҳ ==