Вулканизатсия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Вулканизатсия''' — раванди технологии ба резин мубаддал шудани каучуки табиӣ ё сунъӣ. ==...
 
No edit summary
Сатри 3:
== Таърих ==
Бори нахуст аз каучук бо ёрии сулфур (Ч. Гудйир, ИМА, 1839, Т. Гэнкок, Британияи Кабир, 1843) резин ҳосил карданд. Аз ҷиҳати кимиёӣ вулканизатсия раванди ба ҳам пайваст («дӯхта») шудани молекулаҳои дарозу чандири каучуки нарм мебошад, ки дар натиҷа тӯри сеченакии фазоии дорои бандҳои кӯндаланги аз ҳам дур (ба истилоҳ тӯри вулканизатсия) ҳосил мешавандВулканизатсия аз таъсири сулфур (моддаи асосии вулканизатсия), баъзе пайвастҳои органикӣ (пероксидҳо, пайвастҳои сулфуру галогендор ва ғ.) ё афканишоти ионзо ба амал меояд. Дар натиҷаи вулканизатсия устуворӣ, сахтӣ, чандирӣ (эластикӣ), ба хунукӣ ва гармӣ тобоварии маҳсулот баланду дараҷаи варамкунӣ ва ҳалшавиаш дар ҳалкунандаҳои органикӣ паст мешавад. Барои коркарди ҳар як навъи каучук ва истеҳсоли маҳсулоти резинӣ маводди вулканизатсия-ро дар алоҳидагӣ интихоб мекунанд, мас., барои каучуки диеновӣ вулканизатсия-и сулфурӣ, барои каучуки уретанӣ диизосианатҳоро истифода мебаранд. Ба таркиби омезаҳои вулканизатсия ба ғайр аз каучук ва моддаҳои вулканизатсияшаванда инчунин тезкунандаҳо (сулфидҳои органикӣ, меркаптанҳо ва ғ.), фаъолкунандаҳо (ZnO, MgO ва ғ.), пуркунандаҳо (карбони техникӣ, бӯр, каолин, кислотаи силикати полидисперсӣ ва ғ.), моддаҳои аз куҳнашавӣ нигоҳдоранда (бисфенолҳо, диаминҳо ва ғ.), нармкунандаҳо (равғанҳои нафтӣ, дибутилфталат ва ғ.), сусткунандаҳои раванди зервулканизатсия (ангидриди фталат, N-нитрозодифениламин) ва ғ. дохил мешаванд. Хусусияти резин ба миқдори бандҳои байнимолекулавии кӯндаланг вобастагӣ дорад, мас., агар бо каучук камтар аз 5 % сулфур пайваст гардад (дар ин маврид шумораи бандҳо каманд), ба ном резини нарм ҳосил мешавад, ки аз он камераҳои мошин, рӯйпӯшҳои чарх, тӯбҳо, найчаҳои резинӣ, пойафзори резинӣ ва ғ. истеҳсол мекунанд. Ҳангоми пайваст шудани 30-50 % сулфур миқдори зиёди бандҳои кундаланг ҳосил мешавад ва дар натиҷа резини сахт — эбонити аз ҷиҳати кимиёӣ устувор истеҳсол мегардад. Дар саноат вулканизатсия-и бештар маъмули сулфуриро ба тарзи то 120-140О гарм кардани маҳсулоти вулканизатсия-шаванда истифода мебаранд. Вулканизатсияро, одатан, дар қолаб, автоклав ва дигар дастгоҳҳои махсус зери фишори баланд ё дар ҳолати озод мегузаронанд.
 
== Нигаред низ ==
* [[Нуқтаи таъмири чархҳо]]
 
== Эзоҳ ==