Маҳмуд Исмоилов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: |мукофоту ҷоизаҳо → |ҷоизаҳо using AWB
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 28:
'''Маҳмуд Исмоилов''' - (Тав. [[22 март]]и [[1927]], ш.[[Самарқанд]] - [[10 июл]]и [[2010]]), омӯзгор, олим, доктори илмҳои биологӣ (1976), профессор (1980). Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶТ]] (1981). Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1987). “Аълочии маорифи Тоҷикистон”. Дорандаи Ҷоизаи Институти биографияи ИМА “Инсони соли 2003”.
== Зиндагинома ==
Факултети геологияю географияи УДС (ҳоло – Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ба номи А. Навоиро хатм кардааст ([[1949]]), муаллим, директори мактаби миёнаи русӣ ва ӯзбекии ш. Самарқанд, мудири интернати н. Яккабоғи вилояти Қашқадарёи ӮзбакистонӮзбекистон (1949-1952). Соли [[1952]] ба ш. [[Душанбе]] омадааст. Аспиранти Институти ботаникаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]], таҳти роҳбарии академик П.Н.Овчинников рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст ([[1954]]). Ходими хурд ва калони илмӣ (1955-1960), директори Боғи ботаникии Душанбеи Институти ботаникаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] (1960-1967). Мудири кафедраи ботаникаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]](1967-1993). Директори Институти ботаникаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶТ]] (1993-1998). Сарходими илмии Институти ҷангали ЛХПО «Тоҷикҷангал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2008).
== Мероси илмӣ ==
Муаллифи 10 китоб ва зиёда аз 220 мақолаи илмии соҳаи биология, экология, дендрология, фитосенология, иҷтимоию сиёсӣ. Ба рисолаҳои номзадӣ ва доктории зиёда аз 20 нафар увонҷуён роҳбарӣ намудааст.