Габон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 39:
 
== Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ ==
[[Акс:Рельеф Габона.png|280px|left|thumb|Релйефи Габон]]
Қисми зиёди ҳудуди Габон-ро кӯҳу пуштакӯҳҳо фаро гирифтаанд. Кӯҳҳои Шайю, ки дар қисми марказии Габон воқеанд, аз ҳама баланданд (қуллаи Ибунҷи, 1580 м). Дар шимолу ғарбтари онҳо кӯҳҳои Булӯрин (қуллаи Дана, 1000 м) тӯл кашидаанд. Сарватҳои табиии Габон маъдани манган (Моанда), уран, маъдани оҳан, нафт, газ, тило, алмос буда, конҳои минтақавӣ ва соҳилӣ дар тамоми ҳудуди соҳилҳои Габон дар самти ҷанубии димоғаи Лопес кашф шудаанд. Конҳои кушоди газ дар ноҳияҳои байни Либревил ва Порт Жантил, кони маъдани оҳан дар шимолу шарқи мамлакат (Белинга, Мекамбо) ва дар ҷанубу ғарби он (Чибанга) конҳои фосфат ва тило мавҷуданд. Иқлимаш гарми сернам, дар шимол — экваторӣ, дар ғарб ва ҷануб — субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи июл 22-24°С, апрел 25-27°С. Боришоти солона 1500—2000 мм, дар минтақаҳои соҳилӣ то 2500-3000 мм. Дарёҳо пуробанд. Калонтарин дарёҳои Габон: Огове (дарозиаш 1200 км); шохобҳои калонтаринаш Ивиндо, Нгуме, Нянга, Комо. Қисми бештари поёноби дарёҳо киштигард аст. Кӯли бузургаш — Онанге. Тақр. 80 дарсади ҳудуди Габон-ро бешаҳои анбӯҳи ҳамешасабз фаро гирифтаанд. Хокаш сурхтоби латеритӣ. Дар бешаҳо дарахтони нодир вомехӯранд. Минтақаи соҳилро бешаҳои мангра пӯшидаанд. Дар ҷангалҳо то 400 навъи дарахт мавҷуд аст. Олами ҳайвоноташ ғанӣ ва гуногун буда, фил, говмеш, оҳу, паланг, кафтор, маймунҳои горилла ва шимпанзе; дар дарёҳо баҳмут, тимсоҳ ва анвои бисёри моҳӣ; 150 навъи паранда, инчунин хазандагон ва ҳашарот вуҷуд доранд. Ҳудудҳои ҳифзшавандааш (1,8 ҳазор км<sup>2</sup>) боғҳои миллии Лопе, Аканда, Лоанго, Маюмба, Понгара, мамнуъгоҳ (парваришгоҳ)-и президентии Вонга-Вонг, мамнуъгоҳи биосферӣ дар сароби д. Огове, парваришгоҳи табиии Ибунҷи мебошанд. Дар Габон мавзеи ҳифзшавандаи табиати Африқои Ҷанубӣ воқеъ аст. Бо қарори ҳукумати Габон 13 боғи миллӣ дар масоҳати 25 ҳазор км<sup>2</sup> бунёд гардид. Мушкилоти асосии экологӣ — шикори ҳайвонҳои ваҳшӣ ва дарахтбурӣ (аз 1889 то 2005 масоҳати ҷангал то 1,5 ҳазор км<sup>2</sup> кам гардидааст) мебошад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Габон"