Гавдар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 16:
|commons = Category:Phalacrocorax
}}
'''Гавдар''' ({{lang-la|Phalacrocorax}}), '''моҳихӯрак ''' — як ҷинси парандаи обӣ. Дар зери об нағз шино карда метавонад. Рангаш асосан сиёҳ.
 
Дар дунё 29 намуди гавдар мавҷуд аст. Дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Осиё, Африқо, Австралия, Зеландияи Нав вомехӯрад. Дар Тоҷикистон 2 намуди гавдар – гавдарҳои калон ва хурд мавҷуданд, ки парандаи мавсимӣ мебошанд.
Сатри 22:
 
Гавдари хурд (Phalacrocorax pygmaeus) ба Тоҷикистон нимаи дуюми сентябр – октябр омада, март парида меравад. Рангаш сиёҳ, сараш ҷигарии сурхтоб; чӯҷааш бӯри якранг аст. Дарозии танаш тақр. 48 см; паҳнои болҳои кушодааш тақр. 80 см, пойҳояш 36–38 мм, нӯлаш 28–32 мм, вазнаш 400–450 гавдар Сабук ва хеле хуб парвоз мекунад. Асосан дар Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Пеш, Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Лонаашро дар найзор ва бедзору буттазорҳои соҳили об месозад. Ғизояш асосан моҳӣ, баъзан қурбоқа аст. Рӯзе то 200 г моҳӣ мехӯрад. Модинаи гавдари хурд 4–6 (баъзан 3–7) тухм мегузорад. Тухмҳоро тақр. як моҳ ҳар ду ҷинс бонавбат мехобонанд. Чӯҷаҳо зуд калон ва баъди 70 рӯз парончак шуда, аз лона мераванд.
 
гавдарҳоГавдарҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарари зиёд мерасонанд. Онҳо села-села ба дарахтон нишаста, бо наҷосати худ шоху навдаҳоро мехушконанд, ки ин боиси бераҳмона нест кардани гавдар гашт, вале дар баъзе ҷойҳо (мас., дар Байкал) ҳифз мешаванд. Дар мамолики Осиёи Ҷанубу Шарқӣ гавдарҳо барои гирифтани моҳӣ ром карда мешаванд. Моҳигирон шаб ба қаиқҳо нишаста, бо чароғ обро рӯшан мекунанд. Дар натиҷа моҳиҳо ба сатҳи об мебароянд ва гавдарҳои дастомӯз, ки дар гардан ҳалқаи махсус доранд, ғӯта зада онҳоро бо нӯлашон мегиранд. Ҳалқаи филиззии гардани гавдар ба фурӯ бурдани моҳӣ монеъ мешавад. Бо ин роҳ баъзе одамон дар як шаб то 100 кг моҳӣ мегиранд.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гавдар"