Газак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 23:
== Оқибати газак ==
Оқибати газак гуногун аст; бемор аҷаб нест, ки пурра шифо ёбад. Агар бофта осеби зиёд дида бошад, дар ҷои газак хадша пайдо мешавад. Ҳангоми газаки узвҳои дарунӣ (мас., аппендитсит), илтиҳоб ба вуҷуд омада, узвҳои ҳамшафат ба якдигар мечаспанд. Газаки музмин боиси инкишофи склероз (тасаллуб)-и узв мегардад. Дар натиҷа фаъолияти узви осебдида то андозае маҳдуд хоҳад шуд.
 
== Зуҳурот ==
Зуҳуроти газак аз панҷ аломати асосӣ – сурхӣ, варам, табларза, дард ва ихтилоли кори узвҳои берунӣ (мас., пӯст) иборат аст. Агар узвҳои дарунӣ газак гиранд, ҳамаи ин нишонаҳо падид намеоянд. Маъмулан, ҳангоми газак вокуниши умумии андомгон, яъне, таб, афзоиши лейкоситҳои хун (лейкотситоз), тағйири мубодилаи моддаҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Баъзе навъҳои газак боиси заҳролудии андомгон мешавад.
 
Газак нафақат аксуламали муҳофизӣ мебошад, балки ба андомгон (организм) зарар расонда, бофтаҳои муҳимро иллатӣ месозад. Фарҷоми газак гуногун аст. Агар бофта сахт осеб дида бошад, дар ҷойи газак хадша пайдо мешавад. Ҳангоми газак-и аъзои дохилӣ (мас., аппендитсит) узвҳои ҳамшафат ба якдигар мечаспанд. газак-и музмин боиси тасаллуб (склероз)-и узв гашта, фаъолияти онро маҳдуд месозад.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Газак"