Газотурбовоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: thumb|right|250px|Газотурбовоз '''Газотурбово́з''' — локо...
 
No edit summary
Сатри 3:
'''Газотурбово́з''' — [[локомотив]]и муҳаррикаш газию турбинӣ.
 
Дар газотурбовоз аксаран таҳвили электрӣ истифода мешавад: муҳаррики газию турбинӣ ба генератор пайваст буда, ҷараёни аз он ҳосилшуда ба муҳаррикҳои электрӣ интиқол дода мешавад. газотурбовоз нисбат ба паровоз ва аз рӯйи баъзе нишондиҳандаҳо нисбат ба тепловоз бартарӣ дорад. Газотурбовоз аз паровоз ду баробар сабук ва аз тепловоз ду баробар кӯтоҳ аст. Бартарии газотурбовоз боз дар он аст, ки муҳаррикаш бо сӯзишвории моеимоеъи пастсифату арзонтар (мазут, нафти коркарднашуда, конденсатҳои истеҳсолоти [[ангиштсанг]] ва ғ.) кор карда метавонад.

== Таърих ==
Аввалин газотурбовозро ширкати швейсариягии Brown, Boveri and Cie соли 1938 истеҳсол карда буд. Аз рӯйи маълумоти дигар нахустин газотурбовоз дар ИМА соли 1948 сохта шудааст. Дар ИҶШС нахустин газотурбовоз соли 1954 сохта ва якчанд нусхаи озмоишӣ рӯйи кор оварда шуданд. Солҳои 70 асри 20 ба ҷойи газотурбовоз электровоз пайдо шуд. Соли 2007 дар Русия истеҳсоли газотурбовоз-ҳои таҷрибавӣ дар заминаи электровозҳо барқарор гардид. Суръати ин навъи газотурбовоз-ҳо 100 км/соат, иқтидорашон 8300 кВт буда, бо гази табиӣ кор мекунанд.
 
== Эзоҳ ==