Гарсеваз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Қуттии универсалӣ}} '''Гарсеваз''' ({{lang-fa|گرسیوز}}) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ,...
 
No edit summary
 
Сатри 2:
'''Гарсеваз''' ({{lang-fa|گرسیوز}}) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]].
 
Дар [[Авесто]] (бахши «Яштҳо») ба шакли Кэрэсавада омадааст (маънияш: «кампойдор, камдавом, лоғар»). Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Г.Гарсеваз ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, зиёнкор, бадандешанд, ки Кайхусрав — шоҳи Эрон ба интиқоми падараш — Сиёвуш онҳоро ба қатл мерасонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Г.Гарсеваз бародари Афросиёб аст. Ӯ чун симои шахси ҳосид, кинаҷӯй, дурӯя тасвир шудааст. Равнақу пешрафти кори Сиёвуш, ободии Гангдижро дида, аз бухлу ҳасад дар назди Афросиёб Сиёвушро туҳмату сиёҳ мекунад ва Афросиёбро ба муқобили ӯ мешӯронад. Дар назди Сиёвуш ӯ аз Афросиёб бадгӯӣ мекунад ва Сиёвушро нисбат ба Афросиёб бадгумон сохтан мехоҳад. Бо фармони Г.Гарсеваз яке аз лашкариёни Афросиёб — Гурӯй Сиёвушро ба қатл мерасонад. Дар симои Г.Гарсеваз Фирдавсӣ шахси ҳасадпешаву нотавонбин, ситезакору ҷангҷӯйро тасвир кардааст. Г.Гарсеваз дар хорию зорӣ ба фармони Кайхусрав дар назди сипоҳ кушта шуд:
{{иқтибоси академикӣ|<poem>
Ба Гарсеваз омад зи кори ниё,