Мустафоқул Муртазоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Мустафоқул Муртазоев
(бе тафовут)

Нусха 07:42, 14 августи 2020

Мустафоқул Муртазоев (тав. 17.09.1938, ш. Душанбе – 1997, ҳамон ҷо) — Мутриб, навозандаи маъруфи тоҷик (рубоби қошғарӣ). Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1988).

Мустафоқул Муртазоев
Мустафоқул Муртазоев
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мутриб
Соз рубоби қошғарӣ

Зиндагинома

Мустафоқул Муртазоев соли 1950 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов), хатм намуда, С.-ҳои 1960-63 дар Консерваторияи давлатии Тошканд таҳсил кардааст. Аз с. 1963 то охири умр навозандаи оркестри созҳои халқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор кардааст. Муртазоев маҳорати хуби навозандагӣ дошта, садои рубобаш софу гуворо буд. Алалхусус дар иҷрои пиесаҳои лирикӣ ҳамто надошт. Репертуари ӯро асарҳои композиторони Ғарб, шӯравии русу тоҷик, инчунин навоҳои классикиву халқии тоҷикӣ бою рангоранг гардониданд. Бештари асарҳои иҷрокардаашро дар фонди радио сабт намудааст. Репертуари Муртазоевро бештар аз 100 навову пиесаҳо ташкил мекунад, ки «Рондо» (З. Шаҳидӣ), «Шарора» (Ш. Сайфиддинов), «Насими кӯҳсор» ва «Фалак» (А. Одинаев), «Рақс» (Я. Сабзанов), «Роки Қашқарча» (такмили Б. Гиенко), «Попурии ӯйғурӣ» (Ф. Василев ва Э. Шукуруллоев), «Экспромт» (А. Арутунян), «Рақсҳо» аз операи «Кёроғлӣ» (Ӯз. Ҳоҷибеков) ва ғ. мисол шуда метавонанд.[1]

Нигаред

Эзоҳ

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 239. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)