Диктатураи пролетариат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
'''Диктарураи пролетариат''' — истилоҳест, ки [[Карл Маркс]] барои истифодаи давраи гузариш аз [[капитализм]] ба коммунизм, ки бояд дар натиҷаи тавассути пролетариат ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба амал бароварда шавад.
'''Диктарураи пролетариат''' — ба даст овардани ҳамон [[Ҳокимияти сиёсӣ|ҳокимияти сиёсие]], ки имконияти пахш намудани муқовимати ҳар гуна эксплуататоронро ба миён меорад.
 
== МафҳумТаърих ==
Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 марксистони Русияғояи диктатураи пролетариатро ба ғояи дар байни зиёиёни халиҷӣ маъмулшудаи диктатураи ақаллияти револютсионӣ муқобил гузоштанд. Диктатураи пролетариат ҳамчун истилоҳ дар барномаи РСДРП дар съезди дуюм (1903) дохил шуда буд. Он аз тарафи пролетариат ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро ифода мекард, ки ба воситаи он муқобилияти истисморгаронро пахш ва муносибатзои истеҳсолии капиталистиро ба муносибатзои истеҳсолии сотсиалистӣ иваз кунад, ҳамчунин ба синфҳо тақсим шудани ҷамъиятро аз байн барад.
Мафҳуми «диктатураи пролетариат» дар миёнаи асри ХIХ барои ифодаи режими сиёсие пайдо шудааст, ки манфиатҳои синфи коргаррро таxассум менамуд. Мафҳуми мазкурро бори аввал К. Маркс дар асари «Муборизаи синфӣ дар Франсия аз соли 1848 то соли 1850» дар маънои аслаш истифода намудааст. Асосгузорони марксизм дар Манифести Партияи коммунистӣ асосҳои таълимот дар бораи диктатураи пролетариатро бунёд намудаанд. «. . . Қадами аввалин дар револютсияи коргарӣ,- навиштаанд Маркс ва Энгелс,- ба синфи ҳукмрон мубаддал шудани пролетариат, ба даст овардани демократия мебошад. Пролетариат ҳукмронии сиёсии худро барои он истифода менамояд, ки аз дасти буржуазия тамоми капиталро кашида гирад, тамоми олатҳои меҳнатро ба ихтиёри давлат диҳад, xамъи қувваҳои истеҳсолкунандаро то ҳадди имкон зудтар зиёд кунад».
 
Дар ин ҳол, ба таъбири Г. В. Плеханов диктатураи пролетариат танзо замон ҷомаи амал хоҳад пӯшид, ки синфи коргари ташкилёфта аксари миллатро ташкил дода, ба ғояҳои сотсиал-демократия мусаллаҳ шуда бошад. Ғояи диктатураи пролетариат дар идеологияи болшевикон мавқеи марказӣ пайдо кард ва сотсиал-демократзои чапгаро, бар хилофи гуфтаҳои Г. В. Пеханов, ба дӯши диктатураи пролетариат нақши суръатфизои протсесси револютсионӣ (ҷараёни инқилобӣ)-ро бор карданд ва имконияти инқилоби “перманентӣ”-ро собит карданӣ шуданд (Парвус, Л. Д. Тротский) ё худ сабзида расидани инқилоби буржуазӣ-демократӣ ба “диктатураи револютсионӣ-демократии пролетариат ва деҳқонон”-ро ба унвони марҳилаи васатии байни онзо қаламдод намуданд (В. И. Ленин).
К. Маркс дар Мактуб ба И. Вейдемер (5 марти соли 1852) изҳор доштааст, ки муборизаи сиёсӣ ҳатман ба диктатураи пролетариат оварда мерасонад ва ин диктатура фақат гузариш ба нобудсозии ҳар гуна синф ва xомеаи бесинф мебошад.
Таълимот дар бораи диктатураи пролетариат ба таври муфассал дар «Анти Дюринг» — Ф. Энгелс ва «Танқиди барномаи Гот»-и К. Маркс асоснок гардидааст. Маркс хулоса менамуд, ки «Дар байни xомеаи капиталистӣ ва коммунистӣ давраи инқилобии табдилёбии якум ба дуюм истодааст. Ин давраро давраи гузариши сиёсии мувофиқ аст ва давлати мазкур ба xуз аз диктарураи инқилобии пролетариат чизи дигаре буда наметавонад». Андешаи мазкурро В. И. Ленин дар асари «Давлат ва револютсия» инкишоф додааст: «Демократия барои аксарияти кулли мардум ва тавассути қувва пахш намудан, яъне аз демократия хориx намудани экспуататорҳо, золимони халқ, анна ҳамин хел аст шаклкдигаркунии демократия дар давраи гузариш аз капитализм ба коммунизм».
 
Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–1918) В. И. Ленин ва Н. И. Бухарин арзишҳои либералии давраи ба онҳо муосир ва таҷрибаи институтзои демократии амалкунанда дар давлатҳои Ғарбро нодида гирифтанд. Баъди инқилоби февралии с. 1917 Ленин ва тарафдорони ӯ изҳор намуданд, ки “баргаштан” аз Совети депутатзои коргарон ва солдатҳо ба ҷумҳурии парламентӣ “як қадам ба ақиб” хоҳад буд. Пешомади наздиктарини инқилоб–республикаи Советҳо, худи он–“давлати коммуна”–шакли олии демократия ва дар айни ҳол диктатураи пролетариат мебошад. Демократия ва диктатура бо ҳам созгоранд: давлати нав барои пролетариат ва нодорон (табақаи камбағалони аҳолӣ) бояд демократӣ ва барои истисморгарон диктаторӣ бошад.
Соли 1918 марксисти немис Карл Каутский асари «Диктатураи пролетариат»-ро аз чоп баровард. Дар он тавсиф мегардид, ки ғояи шeриш ва диктатураи пролетариат маҳсули давраи ҳолати примитивии ҳаракати коргарӣ буда, пролетариатфақатзамоне худро озод карда метавонад, киба аксарияти миллӣ табдил ёбад ва дар шароити xомеаи буржуазӣ дараxаи зарурии комилӣ ва мутамаддиниро пайдо намояд. Андешаи мазкури К. Каутскийро В. И. Ленин мавриди танқиди шаддид қарор дод. Ε дар асари «Инқилоби пролетарӣ ва муртад Каутский» Каутскийро ба оппортунизм гунаҳкор намудааст.
 
В. И. Ленин дар асарҳои с.-ҳои 1918-1920 навиштааш қайд карда буд, ки байни ҳокимияти ягонаи диктаторӣ ва демократияи советӣ зиддият вуҷуд надорад. Зеро ҳазб ва доҳиёни он авангарде мебошанд, ки нерӯи синфи револютсиониро дар худ тасаввуру таҷассум намудаанд ва онҳо метавонанд диктатураи пролетариатро ба амал бароранд.
Давлати Шeравӣ дар аввал ба таври расмӣ худро диктатура эълон намуда буд. В. И. Ленин таъкид намуда буд, ки он «давлати коргарӣ бо таҳрифоти бюрократӣ» мебошад. Χонибдорони Л. Тротский ва оппозитсияи чап ба андешае буданд, ки дар солҳои 1923—1929 ҳокимиятро дар Иттиҳоди Шeравӣ табақаи бюрократие соҳиб гардидаанд ва синфи коргарро аз ҳокимият дур намудаанд. Аммо оппозитсияи чап чунин меҳисобид, ки СССР давлати коргарӣ боқӣ мондааст, аммо омили бюрократӣ афзалият дорад. Синфи коргар ҳокимиятро фақат тавассути инқилоби сиёсӣ баргардонида метавонад. Он бюрократияро барканор намуда, базаи сотсиалистиро инкишоф медиҳад.
 
Системаи советӣ барои ҳамаи дигар мамлакатҳо мувофиқ ва қобили истифода дониста мешуд. Вале арзиши “гарон”-и револютсия ва ҷанги граждании ногузир ба ҳисоб гирифта намешуд ва минбаъд он ба куллӣ муқовимати синфи дороён арзёбӣ мешуд. Бисёр нуктаҳои таълимоти болшевикон дар бораи диктатураи пролетариат тавассути сотсиалистони Ғарб (К. Каутский, Р. Люксенбург ва диг. ) ва Русия(Ю. О. Мартов) мавриди иниқод қарор гирифтанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки болшевиконро, ки мардуми онро зимни инқилоби февралии с. 1917 ба даст оварда буд, барзам заданд. Дар Россияи советӣ ақаллияти ҳукмрон бештар ба системаи террор даст мезаданд, зеро душманро дар байни аксарият, аз ҷумла афрод, гурӯҳ ва табақаҳои ҷамъиятӣ ҷустуҷӯ мекарданд.
Конститутсияи соли 1936 («Конститутсияи Сталинӣ») эълон дошт, ки дар мамлакат сотсиализм ғалаба намудааст. Яъне, моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот барҳам хeрдааст, синфҳои истисморгар нобуд шудаанд. Муносибатҳои истеҳсоли сотсиалистӣ ва инкишофи нақшавии истеҳсолот ғалаба батамомро соҳиб гаштаанд. Моликияти сотсиалистӣ дар шаклҳои давлатӣ ва колхозию кооперативӣ воқеият аст. Аммо ба замми ин СССР ҳамчун давлати диктатураи пролетариат боқӣ мемонд.
 
Конститутсияи соли 1977 («Конститутсияи Брежневӣ») тасдиқ намуд, ки дар СССР «xомеаи муттараққии сотсиалистӣ» бунёд гардидааст. Бинобар ин ба таври расмӣ эълон доштанд, ки давлати диктатураи пролетариат ба давлати умумихалқӣ табдил ёфтааст.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* [[Балибар, Этьен|Балибар Э.]] [https://web.archive.org/web/20180127202917/http://theory.red/lib/Etienne_Balibar-Dictatura_Proletariata.pdf «Диктатура пролетариата»]. / Пер.: А. Репа, Д. Колесник, Л. Ивашкевич; Общ. ред. А. Репа. — Часопис соціальної критики contr.info, 2008. — 150 с.
* {{БСЭ3|статья=[https://web.archive.org/web/20101120150748/https://slovari.yandex.ru/~%D0%BA%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%B8/%D0%91%D0%A1%D0%AD/%D0%94%D0%B8%D0%BA%D1%82%D0%B0%D1%82%D1%83%D1%80%D0%B0%20%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%BB%D0%B5%D1%82%D0%B0%D1%80%D0%B8%D0%B0%D1%82%D0%B0/ Диктатура пролетариата]|автор=[[Бурлацкий, Фёдор Михайлович|Бурлацкий Ф. М.]]|том=8 |страницы= |ref=Бурлацкий}}
* {{книга
|автор = [[Восленский, Михаил Сергеевич|Восленский М. С.]]
|заглавие = Номенклатура
|ссылка = http://zakharov.ru/index.php?option=com_books&task=book_details&book_id=200&Itemid=56
|место = М.
|издательство = [[Захаров (издательство)|«Захаров»]]
|год = 2005
|страниц = 640
|isbn = 5-8159-0499-6
|ref = Восленский
}}
* [[Джилас, Милован|Джилас М.]] «Новый класс» (1957)
* {{книга
|автор = [[Каутский, Карл|Каутский К.]]
|часть =
|заглавие = Диктатура Пролетариата
|оригинал = Die Diktatur des Proletariats (перевод Бобров Ф. А.)
|ссылка = http://revarchiv.narod.ru/kautsky/oeuvre/diktatur.html
|ответственный =
|издание = 1-е
|место = [[Екатеринослав]]
|издательство = «Наука»
|год = 1919
|том =
|страницы =
|страниц =
|серия =
|isbn =
|тираж =
}}
* [[Ленин В. И.]] [http://www.hrono.ru/libris/lib_l/lenin_demo.html О демократии и диктатуре] (Москва, 23. XII. 1918.) // газете «[[Правда (газета)|Правда]]» № 2. 03.01.1919 года.
* {{книга
|автор = [[Ленин В. И.]]
|заглавие = Полное собрание сочинений
|часть = Пролетарская революция и ренегат Каутский.
|ссылка часть = http://vilenin.eu/t37/p104
|место = М.
|издательство = [[Издательство политической литературы]]
|год = 1967
|том = 37
|страниц = 748
|страницы = 104
|isbn =
|ref = Ленин
}}
* [http://tapemark.narod.ru/kommunizm/033.html Диктатура пролетариата] // Научный коммунизм: Словарь / Александров В. В., Амвросов А. А., Ануфриев Е. А. и др.; Под ред. [[А. М. Румянцев]]а. — 4‑е изд., доп. — М.: [[Политиздат]], 1983. — 352 с.
* {{статья|автор=[[Новопашин, Юрий Степанович|Новопашин Ю. С.]] |заглавие=Миф о диктатуре пролетариата |ссылка= |издание=[[Вопросы истории]] |тип=Журнал |год=2005 |том= |номер=1 |страницы=41—50 |ref=Новопашин}}
 
* Розин Э. Ленинская мифология государства. М., 1996;
* * Медушевский А. Н. Демократия и авторитаризм: Российский конститутционизм в сравнительной перспективе; М. , 1998,
* Твардовская В. А., Итенберг Б. С. Русские и К. Маркс: выбор или судьба? М., 1999,
* Новопашин Ю. С. Миф о диктатуре пролетариата//Вопросы истории. 2005, №1.
 
== Пайвандҳо ==