Девон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 9:
Арабҳо нахустин бор дар замони халифаи дуввум Умар (хил. 634-644) ба тақлид аз Эрон ва бо раҳнамоии як тан аз марзбонони эронитабор Ҳурмузон ба танзими девон пардохтанд. Ба қавли ибни Тиқтақӣ ва Балозурӣ сабаби таъсиси девон дар замони Умар моли фаровоне буд, ки аз кишварҳои истилогардида махсусан аз Баҳрайн ба Мадина оварда шуда буд ва халифа дар сабт ва тақсими ин амвол дар байни низомиён мутаҳайир буд. Иттифоқан яке аз бузургони форсро бо номи Ҳурмузон ба Мадина оварда буданд, ки мусалмон шуда буд ва чун ҳайрати Умар дар тақсими амвол мушоҳида кард, гуфт: Ё амиралмӯъминин акосира (ҷ. Кисро, лақаби Анушерон аст, вале акосира авлодони ӯро мегуфтанд, яъне шоҳони сосониро)-ро дафтаре аст, ки онро девон гӯянд ва ҳамаи дахл ва харҷи эшон дар он ҷо навишта бошад. Халифа Умар моҳити девонро аз ӯ пурсид, пас бифармуд то девоне таъсис намоянд.
 
=== Дар аҳди умарУмар ===
Дар аҳди [[Умар ибни Хаттоб|Умар]] ва баъд аз ӯ девонҳо дар шаҳрҳои Эрон ба забони паҳлавӣ ва дар навоҳии Шом ба забони юнонӣ ва дар Миср ба забони қибтӣ ва юнонӣ амал карда, тавассути ғайримусалмонон идора мешуданд. Баъдан бо густариши забткориҳои араб девонҳо дар Куфа ва Басра падид омаданд ва девони хироҷ чунонки дар замони сосониён ва румиён маъмул буд, бо шеваи кории онҳо падид омад. Дар замони Муовия девонҳои дигар чун Девони хотам (дафтари махсуси муҳри хилофат), Девони барид (дафтари мансабҳо) таъсис ёфт. Дар замони Абдумалики Марвон –халифаи уммавӣ девони Ироқ аз форсӣ ба арабӣ даромад. Дар аҳди Аббосиён девони расоил ба вуҷуд омад, ки баъдан девони иншо номида шуд. Бо зиёд гардидани мукотиботи идорӣ, номаҳои ташрифотӣ, ки ба амирон ва султонҳои атроф навишта мешуд, девони иншо, ки нахуст таҳти назорати вазир буд, тадриҷан мустақил шуд. Дар даврони хилофат девонҳои дигар ба монанди девони Зиёъ (девони амлоки халифа), девони аҳшом (девони хидматкорони дарбор), девони зимом, (девони бозрасӣ) ва девони мазолим (девони расидагӣ ба шикояти мардум аз доираҳои ҳукмрон) ба вуҷуд омад. Ҳамчунин дар ин давра девони тавқеъ, ки ба муҳосиботи ҳокимон назорат дошт ва девони албар, ки Алӣ ибни Муссо –вазири бузурги аббосӣ онро таъсис кард ва назорат бар амволи вақф дошт, ба вуҷуд омад.
 
=== Дар аҳди Сомониён ===
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Девон"