Девон (форсӣ: دیوان‎) — ташкилоти идории хилофат ва дигар кишварҳои асримиёнагии исломӣ унвони идораи кулли муҳосиботи кишвар ва ба маънии васеъи он идора ва ташкилоти идорӣ буда, дар ибтидо ба манзури сабти даромад ва хароҷоти кишвар ба кор мерафт, ки баъдан ҳамчун маҷмӯаи дафтарҳои идорӣ ба кор рафтааст.

Вожашиносӣ

вироиш

Вожаи «девон» бозмонда аз «dīvān» дар порсии миёна ва «*dipī-bāna-» дар порсии бостон аст. Решаи ин вожа дар порсии бостон – «dipī-» – ба маънии «навишта» буда ва баргирифта аз луғати эломии «tippi» аст, ки гунаи куҳантараш «tuppi» баргирифта аз вожаи шумерии «dup-» ба маънии «навишта» аст. Вожаи «дабир» низ аз ҳамин реша ва бозмонда аз вожаи «dipīr» дарпорсии миёна ва «*dipī-bara-» дар порсии бостон аст. Гунаи дигаре аз вожаи «dipī-», ки дар забони порсӣ ба ҷой монда, «nibī- / nipī-» аст дар маънии «мусҳаф». Вожаҳои «nibēg» (китоб) ва «nibēgān-nigār» (мусаввари китоб) дар порсии миёнаи турфонӣ ва «nipyk» (навишта) дар забони суғдӣ аз ҳамин решаанд[1].

Таърих

вироиш

Дар байни мардуми ориёӣ унсурҳои аввалини девонсолорӣ дар замони Ҳахоманишиён ба миён омада, дар замони Анушервони Сосонӣ ба сурати комил даромад, вале доир ба теъдоди девонҳо ва салоҳияти онҳо маълумотҳо хеле каманд. Вале аз ҷониби дигар дар замони сосониҳо чанд муҳри мухталиф барои дабирхона, маҳкамаи ҷиноӣ, аттои мансабҳо, умури молия ва ғ. вуҷуд дошт ва метавонем бигӯем, ки ба ҳамин андоза ё бештар девон вуҷуд доштаст.

Арабҳо нахустин бор дар замони халифаи дуввум Умар (хил. 634-644) ба тақлид аз Эрон ва бо раҳнамоии як тан аз марзбонони эронитабор Ҳурмузон ба танзими девон пардохтанд. Ба қавли ибни Тиқтақӣ ва Балозурӣ сабаби таъсиси девон дар замони Умар моли фаровоне буд, ки аз кишварҳои истилогардида махсусан аз Баҳрайн ба Мадина оварда шуда буд ва халифа дар сабт ва тақсими ин амвол дар байни низомиён мутаҳайир буд. Иттифоқан яке аз бузургони форсро бо номи Ҳурмузон ба Мадина оварда буданд, ки мусалмон шуда буд ва чун ҳайрати Умар дар тақсими амвол мушоҳида кард, гуфт: «Ё амиралмӯъминин акосира (ҷ. Кисро, лақаби Анушерон аст, вале акосира авлодони ӯро мегуфтанд, яъне шоҳони сосониро)-ро дафтаре аст, ки онро девон гӯянд ва ҳамаи дахл ва харҷи эшон дар он ҷо навишта бошад. Халифа Умар моҳияти девонро аз ӯ пурсид, пас бифармуд то девоне таъсис намоянд».

Дар аҳди Умар

вироиш

Дар аҳди Умар ва баъд аз ӯ девонҳо дар шаҳрҳои Эрон ба забони паҳлавӣ ва дар навоҳии Шом ба забони юнонӣ ва дар Миср ба забони қибтӣ ва юнонӣ амал карда, тавассути ғайримусалмонон идора мешуданд. Баъдан бо густариши забткориҳои араб девонҳо дар Куфа ва Басра падид омаданд ва девони хироҷ чунонки дар замони сосониён ва румиён маъмул буд, бо шеваи кории онҳо падид омад. Дар замони Муовия девонҳои дигар чун Девони хотам (дафтари махсуси муҳри хилофат), Девони барид (дафтари мансабҳо) таъсис ёфт. Дар замони Абдумалики Марвон – халифаи уммавӣ девони Ироқ аз форсӣ ба арабӣ даромад. Дар аҳди Аббосиён девони расоил ба вуҷуд омад, ки баъдан девони иншо номида шуд. Бо зиёд гардидани мукотиботи идорӣ, номаҳои ташрифотӣ, ки ба амирон ва султонҳои атроф навишта мешуд, девони иншо, ки нахуст таҳти назорати вазир буд, тадриҷан мустақил шуд. Дар даврони хилофат девонҳои дигар ба монанди девони Зиёъ (девони амлоки халифа), девони аҳшом (девони хидматкорони дарбор), девони зимом, (девони бозрасӣ) ва девони мазолим (девони расидагӣ ба шикояти мардум аз доираҳои ҳукмрон) ба вуҷуд омад. Ҳамчунин дар ин давра девони тавқеъ, ки ба муҳосиботи ҳокимон назорат дошт ва девони албар, ки Алӣ ибни Муссо –вазири бузурги аббосӣ онро таъсис кард ва назорат бар амволи вақф дошт, ба вуҷуд омад.

Дар аҳди Сомониён

вироиш

Дар аҳди Сомониён ташкилоти девон зери назари вазири бузург қарор дошт, ба унвони «Ҳоҷибу-л-ҳуҷҷоб» ё худ «Ҳоҷиби бузург» зикр гардидааст. Муҳаммади Наршахӣ иттилоъ додааст, ки дар замони ҳукумати Насри Сомонӣ (914-943) дар майдони Регистони Бухоро барои девонҳо даҳ бино сохта шуд:

  1. девони вазир
  2. девони муставфӣ
  3. девони амиду-л-мулк
  4. девони соҳиби амид
  5. девони соҳибшурта
  6. девонни муҳтасиб
  7. девони мушриф
  8. девони авқоф
  9. девони қазо
  10. девони мамликаи хос

Забони коргузории девонҳои Сомониён форсии дарӣ буд, аммо номаву хабарҳои расмии дастгоҳи идории Бухоро ба арабӣ иншо мешуд. Ин сохтори девонӣ, ки Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ таъсис дода буд, баъд аз Сомониён дар замони Ғазнавиён, Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён идома ёфт ва то аҳди муғул ҳамчунон маҳфуз буд.

Дар замони муғулон соҳибдевон раиси кулли ташкилоти девонӣ буда ва гоҳ муродифи вазир ба шумор мерафт. Дар давраи темуриён девон ба маънии маҷлис, машаварат, маҳкама ва дафтари идора ва дар давраҳои бадӣ девон ва девонхона ба маънии макони расмии идораи кишвар ба кор мерафт.

  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳусайналӣ М. Нақши эрониён дар танзими девонҳо ва созмонҳои исломӣ//Баррасиҳои таърихӣ. №76, Т., 1357;
  • Мунтазарӣ М. Вазорат дар таърихи Эрон//Кайҳони андеша, №84. Т., 1378;
  • Луғатнома. Деҳхудо А. Ҷ. 8. Т., 1377;
  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2008.

Сарчашма

вироиш