Физиология: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
No edit summary
No edit summary
'''Физиология''', '''корандомшиносӣ''' — [[илм]]ест, ки вазифаҳои ҳамаи узвҳои организмҳоро дар яклухти ва алоҳидаги меомӯзад. Физиология аз ҷумлаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ буда, фаъолияти ҳаётии узв, бофта ва ҳуҷайраҳои баданро дар зиндагӣ меомӯзад. Вай сабабҳо, роҳҳо ва қонунҳои раванди фаъолияти бадан ва амалиёти муттақобилаи онро бо муҳити атроф низ меомӯзад.
Калимаи физиология аз забони юнонӣ гирифта шуда, «Physic» табиат ва «Logos» таълимотро мефаҳмонад. Маънои луғавии ин калима хулосаи умумиест, ки бо таърифи илмии фанни физиология айният надорад. Агар ба ибораи дигар гӯем, физиология фаннест, ки ҷараёнҳои ҳаётии дар организми том, узв, бофта ва ҳуҷайраҳо рӯйдиҳанда, алоқаи зичу байниҳамдигарии онҳо ва робитаашонро бо муҳити атроф ҳамаҷониба меомӯзад.