Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х clean up using AWB
Сатри 23:
}}
 
'''Абдусалом Деҳотӣ''' ([[14 март]]и [[1911]], д. Боғимайдони н. [[Самарқанд]] — [[31 январ]], [[1962]], ш. [[Душанбе]]) — [[шоир]], [[нависанда]], дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (соли [[1934]]).<ref name="ReferenceA">Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С.50 — 184 с. ISBN 978-99947-958-2-6 </ref>
 
== Зиндагинома ==
Сатри 36:
Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965—1966 интишор ёфтааст. Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст. Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст.
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.<ref name="Абдусалом Деҳотӣ">[https://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot Абдусалом Деҳотӣ] </ref>
 
Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. «Манзараҳои сегона» (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи «Ҳуҷум» — и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Пас аз ҷанг ва дар с — ҳои 50 — ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст. Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.<ref>[https://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot name="Абдусалом Деҳотӣ] <"/ref>
 
Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии «Хисраву Ширин» (1936), ки ҳамроҳи [[Мирзо Турсунзода]] дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми «Шӯриши Восеъ» (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор [[Сергей Баласанян]]). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ «Комде ва Мадан» (1952, дар асоси як сюжети «Ирфон» — и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор [[Зиёдулло Шаҳидӣ]]). «Нур дар кӯҳистон» (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (1953, бо ҳамроҳии [[Боқи Раҳимзода]]) комедияи ҳаҷвӣ мебошад.
Сатри 67:
 
== Некдошт ==
Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. [[Душанбе]] ва ш. [[Самарқанд]] гузошта шудааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С.50 — 184 с. ISBN 978-99947-958-2-6 <name="ReferenceA"/ref>
 
== Сарчашма ==
Сатри 75:
[[Гурӯҳ:Дромнависон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ДромнависониНамоишпардозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]