Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
х тилло на, тило! using AWB
Сатри 87:
Муқоисаи гузоришҳои ҷуғрофинигорони мусулмон бо васфи шаҳри ҷадид, ки ба вижа дар асари Хоникӯф омадааст, ба хубӣ нишон медиҳад, ки дар Бухоро бар хилофи [[Марв]], [[Самарқанд]] ва дигар шаҳрҳо, дар айни васеъгардонии масоҳати шаҳр, ҷобаҷогузорӣ ба хубӣ сурат нагирифта ва шаҳр пас аз вайронӣ ҳамеша дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шакл садаи саввуми қамарӣ бозсозӣ шуда ва боқӣ мондааст.
 
[[Шаҳр]]и Бухоро бо ҳавои намноки худ пурсохтмонтарин ва аз лиҳози вусъат пурҷамъияттарин ва ободтарин шаҳр дар саросари [[Хуросон]] ва [[Мовароуннаҳр]] буд ва ҳар рӯз густариши бештар меёфт. [[Мақдисӣ]] машрӯҳтарин васфро аз зиндагии шаҳр дар онҷо ба даст додааст. Ба гуфтаи вай, Бухоро шаҳре будааст бо хиёбонҳо ва бозорҳои фарох, ҳаммомҳои некӯ, оби сабук, хӯрокҳои гуворо, меваҳои бисёр ва зиндагии роҳат. Мардум сахт ба маҷолис ва гирдиҳамоиҳо пойбанд будаанд ва тӯдаи мардум бо илму адаб сарукор доштаанд. Молиётситон ва ушриягир дида намешуд ва ҳама аз доду гири амир хушнуд буданд ва дар амнияту осоиш зиндагӣ мекарданд. Бо ин ҳол, вай он ҷоро аз лиҳози олудагӣ чун Фустот ва дар меъморӣ, тангии хонаҳо ва фаровонии балкунҳо чун Димишқ хондааст. Дар он ҷо оташсӯзи бисёр, бӯйи уфунат, пароканда ва фасоди ҷинсӣ ошкор буд. Мардумоне ба Бухоро муҳоҷират карда буданд, ки фасоду бадмуомилагиро ошкор, ва риборо мубоҳ карда ва дар ҷамоот сустӣ меварзиданд. Насли нав падид омада буданд, ки ҳарир ва дебо мепӯшиданд ва дар зарфҳои тиллотило ва нуқра мехӯрданд ва дар амри дин бетаваҷҷӯҳ буданд. Изҳороти Мақдисӣ дар ҳудуди солҳои 370 ҳ.қ. бо матолиби фақеҳи Ҳанафӣ [[Абу Лайси Самарқандӣ]] (373 ҳ.қ) дар «Бустон-ул-орифин» ва «Танбеҳ-ул-ғофилин», дар ишора ба ривоҷи фасод ва бебандубории иҷтимоъӣ дар охирҳои давраи Сомониён ҳамхонӣ дорад.
 
Бархе аз ин мушкилоти шаҳрӣ аз бадви истиқрори [[Сомониён]] таваҷҷуҳ ҷалб мекард. Амир [[Исмоили Сомонӣ|Исмоил ибни Аҳмад]] тангӣ ва касифии дохили Бухороро дар муқоиса бо назоҳат ва хуррамии атрофи он чун одаме дониста, ки даруни зишт ва зоҳири зебо дорад. Ин масъала дар шеър низ ифода ёфтааст. Аввалин касе, ки дар ҳаҷв ва накӯҳиши Бухоро, васфи тангӣ ва касифии он сухан гуфт ва дигарон аз ӯ пайравӣ карданд, [[Абӯ Таййиби Тоҳирӣ]] буд. Ӯ гуфтааст: «Бухоро аз Хироъ (касофат) аст ва дар маҳдудаи он (ҳудуд, ба маънои саросари он) чизи пок ва тамйизе ёфт намешавад ва иқомати амир дар он ҷо танҳо мояи фахри заифон аст». Ҳам ӯ гуфтааст: «Бухоро! Эй зани зиштрӯй, ҳама чизи ту вожгун аст». Абу Аҳмад ибни Абу Бакри котиб низ гӯяд: «Агар [[асп]]и асил ба Бухоро дарояд, [[улоғ]] шавад!».
Сатри 98:
== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Ӯзбекистон]]
[[Гурӯҳ:Бухоро]]
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои муқаддас]]
 
== Пайвандҳои беруна ==
Line 108 ⟶ 104:
* [https://ru.sputniknews-uz.com/photo/20180204/7417276/nepostijimaya-buhara-priotkrivaet-dveri.html Непостижимая Бухара приоткрывает сакральные двери]
* [https://www.youtube.com/watch?v=iZcPersMGWQ Из Стамбула в Ташкент: Фотопленки Поля Надара (1890). Часть 10. Бухара]
 
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Ӯзбекистон]]
[[Гурӯҳ:Бухоро]]
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои муқаддас]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бухоро"