Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Оғози фаъолият: имлои ҳарфи Ӯ using AWB
Сатри 19:
Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.
 
Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамадмуътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.
 
Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.