Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB
Сатри 28:
 
=== Таърих ===
Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов [[соли 1945]] ҳамчун [[омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе]] дар заминаи мактаби мусиқии №1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт. С. 1948 ба аввалин хатмкунандагон диплом дод (композитор Я. Сабзанов, пианинонавозон Е. Максимович ва М. Волкова). Дар ибтидои ташкилёбӣ дар О. м. 5 шуъба амал мекард: фортепианои махсус, созҳои оркестрӣ ва торӣ, созҳои халқӣ, дирижёри хор ва композитсия. Композиторон А. Ле-нинский, С. Баласанян, С. Урбах, И. Рогалский аз ҷумлаи омӯзгорони аввалини омӯзишгоҳ буданд. С.-ҳои баъдина омӯзгорон М. Н. Таврина, Э. ва Н. Будкевичҳо, С. ва М. Муравинҳо, А. Селютин, А. Земел, И. Полянская, Т. Улмасов, Д. Айрапетянс, Р. Шоҳимардонов, Ҳ. Калонтаров, А. Хаимов ва диг. ба шогирдон таълим доданд. С. 1950 О. м. ба бинои нав кӯчида, шуъбаҳои нав кушода шуданд. Мас., с. таҳсили 1982-83 дар шуъбаҳои рӯзонаи он 450 нафар, дар шуъбаи ғоибона беш аз 100 нафар хонанда таҳсил ва 70 нафар омӯзгор кор мекарданд. Санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ-А. Ҳамдамов, Я. Сабзанов, Х. Абдуллоев, А. Одинаев, М. Атоев, С. Ҳамроев, Т. Шаҳидӣ, Ф. Баҳор, Д. Дӯстмуҳаммадов, Қ. Яҳёев, А. Солиев, Ш. Пулодӣ, С. Халилов, З. Нишонов, Т. Сатторов, Б. Меробов, С. Олимов, Қ. Ризоев, Ҷ. Обидпур, С. Шамсов, О. Сабзалиева, Н. Раҳматова, Д. Қурбонов, Қ. Қурбониён, Ю. Саодатов, А. Ниёзмамадов ва даҳҳо нафарони дигар хатмкардагони ҳамин О. м. мебошанд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ О. м. аз с. 2004 ба коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи А. Бобоқулов табдил дода шуд. С. 2015 К. с. дорои 11 шуъба буда, дар онҳо 270 нафар хонанда таҳсил дошт ва зиёда аз 100 нафар омӯзгор ба шогирдон дарс меомӯзанд. С. 2015 70-умин солгарди таъсисёбии ин боргоҳи ҳунару маърифат ҷашн гирифта шуд.<ref>Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.278. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[2 август]]и [[соли 2004]], ба Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов" табдил дода шудааст.
Сатри 69:
* [[Суръат Халилов]]
* [[Қудратуллоҳ Яҳёев]]
== Пайвандҳо ==
==Пайвандҳои беруна==
* [http://vfarhang.tj/index.php?view=data_links&link=kolleji_sanyati_shdushanbe_ba_nomi_abobokulov Коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи А.Бобоқулов]
== Эзоҳ ==