Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тилло на, тило! using AWB
х →‎top: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
Сатри 21:
Вабаста ба истеъмоли чой мисгарон чойникҳои мисини мунаққашро истеҳсол менамуданд, ки онҳоро бештар бо нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ оро медоданд. Маъмултарин навъи зарфи мисини мунаққаши шакли мудаввар ва чоркунҷадорро лаълӣ, лаган ва гоҳҳо табақ мегуфтанд. Нақши марказии лаълиҳоро «нақши гардон» меномиданд. Маркази лаълиҳоро бо нақшҳои зооморфӣ аз қабили тасвири шерҳои болдор зинат медоданд. Масалан, дар зарфҳои аз Қалъаи Баланди Истаравшан ёфтшуда ҳам шер ва ҳам зани болдор ба назар мерасад. Дар ороиши лаълиҳо аз катибаҳои гуногун низ ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Мисгарони мумтози Осиёи Миёна ҳангоми истифодаи нақшҳои эпиграфӣ дар зарфҳои мисӣ танҳо катибаҳои арабӣ ва тоҷикиро истифода менамуданд. Нақши марказии мудаввар таърихи хеле қадима дошта, он ифодакунандаи офтоб ва системаи офтобӣ аст. Дар умум нақшҳои лаълиҳо композитсионӣ мебошанд. Мисол, дар маркази яке аз лаълиҳои мисӣ нақши геометрии шашкунҷаи ситорамонанд кандакорӣ шуда, дар атрофии он се нақши занҷираи нимдоираи дар маҷмуъ як давраро ташкилдиҳанда мавҷуд аст. Берун аз ин нақш се нақши мудаввари ислимӣ ва се нақши эпиграфӣ дар шакли хати сулси печон кандакорӣ шудааст. Атрофи ин нақшҳоро боз нақши мудаввари занҷира иҳота кардааст. Лаби лаълӣ низ мунаққаш буда, аз қисми марказии он каме баландтар сохта шудааст.
 
Мисгарони хивагӣ кӯзаҳои мунаққаше тайёр мекарданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимии себарга ва нақшҳои геометрии меҳробмонанд, ромб, хатҳои росту мавҷӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Қисмҳои нақшдори кӯзаҳоро аз ҳам нақши алоҳида-занҷира ҷудо менамуданд. Шаклҳои гуногуни занҷира - мавҷӣ, нуқтавӣ, дандонадор, ростхат ва ҷуфтхат истифода мешуд. Коса, шоҳкоса ва тос низ аз навъи маъмули зарфҳои мисӣ мебошанд. Дар баъзе шоҳкосаҳои аввал нақшҳои меҳробиро канда, баъд даруни ин нақшҳоро ба нақшҳои эпиграфӣ ва ислимӣ оро медоданд. Дар маркази қисми дохилӣ сангҳои ороиширо низ насб менамуданд. Чилим, носкаду ва туфдонҳоро низ бо чунин нақшҳо оро медоданд. Дар қаламдонҳо бештар катибаҳои тоҷикӣ ва нақшҳои растаниҳорустаниҳо кандакорӣ мешуданд. Истеҳсоли сурмадонҳои бодомшакли мунаққаши тоҷикӣ хеле ҷолиб буда, шакли бодомӣ ва истифодаи он маъно ва рамзи таърихӣ дорад. Сурмадонҳоро барои он дар шакли бодом месохтанд, ки худи хокаи сурмаро аз донаи бодоми талхи хушк истеҳсол мекарданд. Донаи бодомро дар аввал хушк карда, онро дар зарфи хушк таспонда, баъд ба хокаи он каме равған илова карда, аз он сурма тайёр мекарданд. Дар Мисри қадим низ аз бодом сурма тайёр менамуданд ва сурмаро ҳам занон ва ҳам мардон истифода мекарданд. Ҳамчунин нақши бодомӣ яке аз нақшҳои зебо ва маъмули зарфҳои мисӣ мебошад.Вижагии фарқкунандаи нақши зарфҳои мисини асримиёнагӣ ва муосири тоҷик дар он аст, ки онҳо бештар моҳияти ороишӣ ва ҳикматона доштанд. Дар ороиши зарфҳои мисӣ сирро истифода мебурданд, ки онро минокорӣ меноманд. Сири фирӯзаранг ва сафед бештар ба кор мерафт.
 
То охири чоряки аввали асри XX Бухоро маркази асосии истеҳсоли зарфҳои мунаққаши мисӣ ба ҳисоб мерафт. Муқаддам Мукаррамов, Абдусалом Ҳомидов, Ғулом Ҳасанов, Мирусмони Хуҷандӣ, Олими Шаҳрисабзӣ аз зумраи мисгарони машҳури асри ХХ мебошанд. Дар асри XX тасвири ёдгориҳои меъморӣ дар зарфҳои мисӣ роиҷ мегардад. Чунончӣ соли 1936 мисгари бухороӣ Абдусалом Ҳомидов дар маркази як лаълӣ мақбараи Исомили Сомониро хеле моҳирона кандакорӣ намудааст. Чунин анъана то имрӯз низ идома дорад.